“Рӯзи ҷаҳонии Қудс” намоди инзиҷори мусалмонон аз истикбор ва муомилаи қарн

 “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” намоди инзиҷори мусалмонон аз истикбор ва муомилаи қарн

Талабшоҳ Салом, рӯзноманигор ва коршиноси масоили сиёсии минтақа гуфт: “Рӯзи ҷаҳонии Қудс 40 сол пеш аз тарафи Имом Хумайнӣ эълом шуд, дифоъ аз ҳаққи миллати мусулмони Фаластин дар баробари ишғолгариҳои режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни онро думбол карда ва аз аҳамияти бисёр зиёде бархурдор мебошад”.

Вай афзуд: “Ба баракати ин ибтикор ва иқдоми бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, уммати исломӣ беш аз ҳар замони дигаре ба аҳамияти ин мавзӯъ пай бурд, ки Қудс муҳиммтарин масъала барои ҷаҳони ислом буда ва ҳаст”.

Салом, рӯзи ҷаҳонии Қудсро фурсате барои дифоъ аз адолат ва зулмситезӣ донист ва гуфт: “Дарки аҳамияти ин рӯз аз тарафи тамоми мусалмонон, муҳиммтарин масала мебошад. Тайи ду соли ахир вокунишҳо дар баробари иқдомоти раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар ҳимоят аз режими Саҳюнистӣ ва ба хусус тасмими интиқоли сафоратхонаи Амрико аз Тел Авив ба Қудси шариф ба манзури тағйири пойтахти режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин ироаи тарҳи “муомилаи қарн” нишон дод иттиҳоди уммати исломӣ қодир ба нақшофаринии муассир дар дифоъ аз ҳаққи миллати мазлуми Фаластин ва ҳифзи ҳувияти миллатҳои мусалмон аст”.

Вай гуфт: “Амрико бо ҳамкории бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ба думболи таҳаққуқи тарҳи “муомилаи қарн” буда ва ба ин манзур ба унвони нахустин гом дар 25 июни соли ҷорӣ баргузории конфронсӣ дар пойтахти Баҳрайн дар назар гирифта шудааст”.

Ба гуфтаи Салом, қарор аст бо ваъдаи сармоягузориҳои садҳо миллион долларӣ ва ба ҳошия рондани масоили аслии марбут ба ишғолгариҳои режими Саҳюнистӣ, муваффақ ба ҷалби Фаластин барои ҳамкорӣ шаванд, аммо ба далели нокомӣ Бенямин Нетаняҳу дар ташкили давлати режими Саҳюнистӣ ва баргузории интихоботи муҷаддад дар се моҳи дигар, эҳтимолан баргузории конфронси ёдшуда низ ба тахир меафтад.

Салом ёдовар шуд: “Ҳарчанд ҳанӯз ҷузъиёти ин тарҳ эълом нашудааст вале маълум аст, ки дар он ба ҳеҷ ваҷҳ барои Фаластин ба унвони кишвари мустақил ҷойгоҳе қоил нашуда ва баргардондани сарзаминҳои ғасб шуда аз сӯи режими ишғолгар низ дар назар гирифта нашудааст”.

Ин рӯзноманигор ва коршиноси масоили сиёсӣ идома дод: “Дарки аҳамияти рӯзи ҷаҳонии Қудсро метавон гоми аввали мубориза бо истикбор ва талош дар ҷиҳати натанҳо бозгардондани ҳаққи ошкори мардуми Фаластин балки ҳифзи истиқлоли соири миллатҳо арзёбӣ кард. Бинобар ин шикасти тарҳи “муомилаи қарн”и Амрико дақиқан ҳамин мавзӯъ аст, ки ошкор шудани он сабаби иттиҳод ва инсиҷоми бештари ҷавомеъ ва кишварҳои исломӣ хоҳад шуд”.

Вай таъкид кард: “бояд талош шавад то ин дарк дар тамоми кишварҳо ва ҷавомеи исломӣ ба ҳадди лозим бирасад. Албатта барои ҳама кишварҳо манофеи миллӣ дар авлавият қарор дорад вале бояд ин нукта равшан шавад, ки таъмини манофеи ҳар миллате бо истиқлоли воқеӣ фароҳам мешавад. Аз ин нигоҳ рӯзи ҷаҳонии Қудс дар ростои ҳимоят аз як миллати мусалмон нақши ошкорӣ дар таваллуди тафаккуроти истиқлолхоҳии ҳамаи мусалмонон хоҳад дошт”.

Вай бо баёни инки имрӯз бетардид масалаи Фаластин ба як буҳрони инсонӣ дар ҷаҳон табдил шуда изҳор дошт: “Истикбори ҷаҳонӣ ва соири қудратҳои соҳиби нафъ ба ҳеҷ сурат омодаи ҳалли ин масала нестанд. Тарҳи “муомилаи қарн”и Амрико нишон дод давлатҳое, ки шиори риояти ҳуқуқи башар дар ҷаҳонро сар медиҳанд, дар замони лозим омодаи дифоъ аз ҳаққ нестанд”.

Ба гуфтаи вай, ҳол онки ҳимоят аз ҳаққи мардуми мусалмони Фаластин фаротар аз ҷанбаҳои динӣ ва имонӣ аст ва ба як буҳрони амиқи инсонӣ табдил шудааст. Мутаассифона мудофеони ба истилоҳ ҳуқуқи башар ва демокрасӣ дар ҷаҳон омода нестанд ба ин ҷанбаи инсонии масалаи Фаластин эътироф кунанд. Бинобар ин рӯзи ҷаҳонии Қудс муҳиммтарин фурсат дар ҷиҳати дифоъ аз инсонҳоӣ аст, ки таҳти зулм ва истибдод қарор доранд”.

Салом дар поён гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба густариши ҷиноёти истикбори ҷаҳонӣ алайҳи Фаластин, бидуни тардид ин рӯз фақат маҳдуд ба ҳимоят аз Қудси шариф набуда балки хостгоҳ ва нишонаи бедории тамоми миллатҳои хоҳад буд, ки таҳти зулм ва ситами истикбор қарор гирифтаанд”.