Сарвати пинҳонии Илҳом Алиев дар Авроқи Пандора

 Сарвати пинҳонии Илҳом Алиев дар Авроқи Пандора

Якшанбе гузашта авроқе аз тарафи консирсиюми байналмилалии рӯзноманигорон таҳқиқоте бо номи Авроқи Пандора "Pandora Papers" интишор ёфт.

Авроқи Пандора 11 миллиону 900 ҳазор санад ва парвандаест, ки дороиҳои пинҳонӣ, қаллобии андоз, пулшуӣ ва муомилоти сардорон, сиёсатмадорон ва миллиардерҳои ҷаҳонро ифшо мекунад.

Авроқе, ки муҳтавои он тавассути Консирсиюми байналмилалии рӯзноманигорони таҳқиқотӣ (ICIJ) дар Вашингтон DC ба даст омадаанд ба яке аз бузургтарин ифшогариҳо ва таҳқиқоти ҷаҳонӣ табдил шудааст.

Тибқи ин ҳуҷҷатҳо фош шудааст, ки чигуна бархе аз қудратмандтарин афроди ҷаҳон аз ҷумла беш аз 35 президенти феълӣ ва собиқи кишварҳои мухталиф ва 300 сиёсатмадор аз 90 кишвар аз ширкатҳои вижа барои пинҳон кардани сирвати худ истифода мекунанд.

Дар пайи нашри Авроқи Пандора вокунишҳое дар сатҳи байналмилалӣ нисбат ба он рух додааст, ки бар ин асос Манфред Вебер дар мусоҳиба бо “ZDF” гуфт: дар муқобила бо қалбакӣ ва қаллобии андоз, иттиҳодияи Аврупо ба андозаи кофӣ пешрафт надоштааст ва барои иҷрои қонун ва бархурд бо ин масаъла ба ихтиёроти бештар ва ба навъе ба “FBI-и аврупоӣ” ниёз дорад. Вай ҳамчунин хостори иҷрои маҳдудият алайҳи кишварҳое шуд, ки ба унвони биҳишти андоз маҳсуб мешаванд.

Сухангӯи иттиҳодияи Аврупо низ дар вокуниш ба ифшои иттилооте дар бораи қаллобии андози бархе сардорони кунунӣ ва пешини кишварҳо ва садҳо тан аз сиёсатмадорону мақомҳои давлатӣ дар 91 кишвари ҷаҳон дар қолаби Авроқи Пандора гуфт, наметавонем нисбат ба он бетафовут бошем! Вай ҳамчунин изҳор дошт: ба дунболи он ҳастем то шафофият дар низоми андоз зудтар афзоиш ёбад ва бо қаллобии андоз ба шиддат бархурд шавад.

Чунин ифшогариҳое барои раҳбароне, ки иддаои мубориза алайҳи фасод дошта ва ба мардуми худ таҳаммули вазъи бади иқтисодиро тавсия кардаанд воқеани шарм овараст. Паёмадҳои ифшогарии Авроқи Пандора он қадар бузургаст, ки Эссон Гиголд, намояндаи ҳизби сабзҳо дар порлумони Аврупо гуфт: ифшогариҳои ҷадид хатарро ба вуҷуд овардааст. Қаллобии андози ҷаҳонӣ ба нобаробарии ҷаҳонӣ доман мезанад. Мо акнун бояд иқдомоти мутақобилро густариш диҳем.

Мавзуи қобили тавваҷӯҳ дар асноди ифшо шуда ҳузури як писари 11-сола дар миёни номҳои мунташир шудааст, вай Ҳайдар писари Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон аст. Илҳом Алиев ва хонаводааш муттаҳам ба ғорати сирвати миллии Озарбойҷон шудаанд зеро, ки Авроқи Пандора нишон медиҳад Алиеов ва наздиконаш пинҳонӣ беш аз 400 миллион паунд дар Бритониё ханаву замин муомила кардаанд. Ин ифшогарӣ мумкин аст барои давлати Англис сабаби шармсорӣ шавад; чун бар асоси Авроқи Пандора, Илҳом Алиев аз фурӯши яке аз амлокаш дар Лондон ба салтанати Инглис, 31 миллион паунд суд кардааст. Авроқи Пандора ҳамчунин нишон медиҳад хонаводаи Алиев дар пушиши ширкатҳои сабт шуда дар паноҳгоҳҳои молиётӣ машғули хариди хонаву замин дар Бритониё будаанд. Тибқи ин аснод хонаводаи Алиев 17 мулк харидаанд; аз ҷумла як бинои идорӣ ба арзиши 33 миллион паунд дар маҳаллаи гаронқимат Майфэйри Лондон, ки ба номи Ҳайдар, писари 11-солаи Алиев аст. Ин бино дар ибтидо ширкате дар соли 2009 харид, ки моликаш яке аз дӯстони хонаводаи Алиев аст. Як моҳи баъд моликияти он ба Ҳайдар мунтақил шуд. Хонаводаи Алиев як бинои идории дигар дар ҳамон наздикиро дар соли 2018 ба салтанати Инглис фурухтанд, ки арзишаш 66 миллион паунд будааст.

Ҳамчунин Вашингтон Пост ҳам дар гузорише аз моликияти Ҳайдар бар чандин бино дар Дубай хабар дод илова бар он мизони дороии Лайло ва Орзу, ду духтари Илҳом Алиев низ беш аз 75 миллион доллар тахмин зада мешавад.