Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон

 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон

Раисҷумҳури кишвар дар сарварии ҳайати баландпояи сиёсӣ - иқтисодӣ ба Теҳрон сафар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар имрӯз ( якшанбе ) 29 маи 2022 дар сарварии ҳайати баландпояи сиёсӣ — иқтисодӣ ба даъвати расмии Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Теҳрон сафар мекунад .
Истиқболи расмӣ, гуфтугӯи дуҷонибаи раисони ҷумҳур, машварати ҳайатҳои олии Эрону Тоҷикистон, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ва мусоҳибаи матбӯотии руасои ҷумҳӯри ду кишвар аз барномаҳои ин сафари дурӯза аст .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрони сентябри 2021 ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ва низ ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Шанхай ба Душанбе сафар кард, ки дар он 8 санади ҳамкории байни Эрону Тоҷикистон имзо шуд .