Сафири Эрон: Ҳимоят аз Фаластин вазифаи инсонист

 Сафири Эрон: Ҳимоят аз Фаластин вазифаи инсонист

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми мазлуми Фаластин як сиёсати кӯтоҳмуддат ва тактикӣ набуда ва ин амр на танҳо реша дар эътиқодоти динӣ дорад, балки вазифаи инсонӣ ва башардӯстона аст.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ёдоште ба баррасии рӯзи ҷаҳонии Қудс пардохт.

Дар ин ёдошт омада аст: Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ёдгори Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, Имом Хумайнӣ(р) дар рӯзи 16 мурдоди соли 1358, ки мусодиф аст бо 13 рамазони соли 1399 ҳиҷри қамарӣ буд ва бо таҷдиди ҳамалоти режими опортойд ва ишғолгари саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон ҳамзамон шуда буд паёми дар ҳимоят аз миллат ва ормони Фаластин содик карданд ва охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро рӯзи ҷаҳонии Қудс ном ниҳоданд. Имом Хумайнӣ(р) дар матни паёмашон интавр фардмуданд, ки: Ман дар тайи солиёни дароз, хатари Исроили ғосибро ба мусалмонон гушзад намудам ва аз ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ва давлатҳои исломӣ мехоҳам, ки барои кутоҳ кардани дасти ин ғосиб ва пуштибонони он ба ҳам бипайванданд.

Ҳадиақал се омили асли боис шуд то Фаластин ба унвони муҳимтарин масъалаи ҷаҳони Ислом дар аввал қарор гирад: Якум моҳияти сарзамини Фаластин муқаддас будан ва ҷойгоҳи он назди пайравони дини Ислом, дуввум моҳияти душмани саҳюнистӣ ва иддаоҳои мазҳабӣ ва таърихӣ ва руҳияи тавсияталабона ва ишғолгаронаи он талош барои моликия бар сарзамини Фаластин ва маконҳои муқаддаси исломӣ, севвум моҳияти эътилофи арабӣ-саҳюнистӣ, ки ба дунболи тафриқа ва дудастагӣ миёни кишварҳои исломӣ ва заъиф кардани онҳо аст то ҳамчунон вобаста ба қудратҳои бузург боқи бимонанд.

Дар ҳафт даҳаи гузаштаи Фаластин ҷиноятҳои бешумореро аз қабили қатлиом, поксозии қавмӣ, тағири бофти ҷамъиятӣ, шиканҷаи системотик, қатли худсарона, боздошт ва тамоми ишколоти ҷиноятҳои ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷиноят зидди башариятро дар ҳоли таҳмил кард, ки ин масала ба шигид ва шиваи амалии Исроил аз ибтидои ишғоли Фаластин табдил шуда аст.

Дар солҳои ахир режими опортойд ва ишғолгари саҳюнистӣ иқдомоти ҷунуномези худро зидди фаластиниён шиддат бахшида аст. Ин иқдомот метавонад ба танбеҳоти дастаҷамъи, ки муҳимтарини омили нақзи асли таъини сарнавишт тавассути фаластиниён аст муҳосираи Ғаза, такмили девори ҳоил, ихроҷ ва кучи иҷбории фаластиниён аз ватани аслиашон ва дар муқобил эъзом ва сукунати исроилиҳо ба манотиқи ҳосилхез, терори фармондеҳон ва муҷоҳидони фаластинӣ ва дигар кишварҳои арабӣ ва исломӣ, нобудии сарзаминҳои кишоварзӣ дар навори Ғаза, иҷрои тарҳи яҳудисозии Қудс бо тадовуми шаҳраксозиҳо, аз байн бурдани манзилҳои истиқоматии фаластиниҳо, афзоиши ҳузур ва назорати низомӣ-амниятӣ бар шарқи Байтулмуқаддас, манъи рафту омади шаҳрвандони фаластинии сокини Қудс ва ботил кардани карти шиносоӣ ишон ва лағви муҷавизҳои истиқоматии доими фаластиниҳои сокин дар Қудс, ки дар тамойз бо қавонин ва тавофуқномаҳои байналмиллалӣ ба вижа модаи 43 канвенсиёни Лоҳа ва канвенсиёни чоруми Женев аст.

Тасвиби қавонини давлат-миллати қавми яҳуд дар консенти режими саҳюнистӣ дар соли 2018, таврижи шаҳракнишинӣ ба унвони арзиши миллии дар Исроил, ҷудосозии фаластиниёни Каронаи Бохтари ва Ғаза ва яҳудисозии Қудс, Ҷавлон ва Нақаб, муҳокимаи фаластиниён дар додгоҳҳои низомӣ ва ғайра аст, режими саҳюнистӣ ҳар рӯз муртакиби нақзи ошкор, идомадор ва системотики ҳуқуқи башар аз ҷумла ҳуқуқи кудак мешавад, режими опортойди Исроил ба шакли худсарона ва бедалел садҳо ҳазор боздошти мувақат ва муддатдор сурат дода аст аз соли 1967 то кунун беш аз як миллион фаластинӣ масъалаи талхи боздоштро таҷруба карданд.

Ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми таҳти зулму ситамдидаи Фаластин як сиёсти кутоҳмуддат ва тактики нест ва ин амр натанҳо реша дар эътиқодоти динӣ дорад, балки аз ҳама муҳимтар вазифаи инсонӣ ва башардустона аст, ки баёнияи он ба фитрат ва зоти ҳар инсони озода аз ҳар дин ва нажод боз мегардад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои ҳаллу фалси буҳрони Фаластин тарҳи демакрати ва одилона таҳти унвони баргузории ҳамапурсии милли дар Фаластин ироа дод, ки дар дабирхонаи Созмони Миллал низ ба сабт расида аст. Ба эътиқоди Ҷумҳурии Исломии Эрон бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзаминҳои аслии худ ва баргузории ҳамапурси дар миёни мардумони асили ин сарзамин барои таъини сарнавишт ва навъи низоми сиёсии мавриди назар, муасиртарин роҳкор барои ҳалли ин муноқиша аст бар асоси ин тарҳ мусалмонон, яҳудиён ва масеҳиёни фаластинии асил қодир хоҳанд буд навъи низоми қонунӣ ҳоким бар хешро баргузида ва ба сурати озод ва баробар аз ҳуқуқи он мунтафеъ гарданд.

Тарҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси усули демократик ва ҳуқуқи байналмиллалӣ мавриди пазириши ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо тадвин ва ироа шуда аст, ин тарҳ ҷойгузини муносиб дар баробари тарҳҳои шикастхурдаи қабли хоҳад буд.