Семинари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо мавзӯи мубориза бо терроризм

 Семинари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо мавзӯи мубориза бо терроризм

Дар семинари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ишқобод нақши неруҳои интизомӣ дар мубориза бо пулшуӣ ва таъмини молии терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар семинари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ишқобод нақши неруҳои интизомӣ дар мубориза бо пулшуӣ ва таъмини молии терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ишқобод дар ҳамкорӣ бо Туркманистон семинари онлайн баргузор кард, ки дар он вазифаҳои мақомоти муҷрии қонун ва назорат дар заминаи мубориза бо пулшуӣ ва чигунагии таъмини молии терроризм дар соли 2022-2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин семинари ду рӯза намояндагоне аз Вазорати дороӣ ва иқтисоди Туркманистон ва сервиси назорати молӣ, додгоҳи олӣ, додситонии кулл, вазорати кишвар, вазорати адолат, вазорати дифоъ ва ҳамчунин органҳои интизомӣ ва дигар ниҳодҳои давлатии Туркманистон ҳузур доштанд.

Дар ин нишаст авлавиятҳои нируи интизомӣ ва полис ба тафсил баррасӣ шуд ва беҳтарин шеваҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар омодасозии ффроянди арзёбии мутақобили гурӯҳи АвруОсиё ироа шуд.

Ҷон Мак Грегор, раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт: “бар ин бовар ҳастем, ки табодули назари тахассусӣ байни мақомоти муҷрии қонун ва мақомоти назоратиро тасҳил намуда ва ба тақвияти ҳамкории онҳо кумак мекунад”.