Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф

 Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф

Байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст ва Чин тасмим дорад заминаҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикро фароҳам кунад.

Дар Маркази Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими баимзорасонии Созишномаи муштараки таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.

Дар баробари ин, маросими ифтитоҳи курси омодагии забони чинӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ баргузор шудааст.

Ин созишномаҳо имкон медиҳанд, ки 10 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ, дар Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил кунанд.

Дар маросими мазкур намояндагони вазоратҳои саноат, маориф, масъулини мақомоти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Мастчоҳ, Истиқлол, ректори Донишгоҳи кӯҳӣ металлургии ҶТ, директори Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, директори генералии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» ширкат кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи вилояти Гансу Чин тасмим гирифтааст, ки дар ин самт ҳамкории худро бо Тоҷикистон тақвият бахшида, мубодила ва ҳамкории байналмилалӣ ба роҳ монад.

Донишгоҳи мазкур аз ҷумлаи мактаби касбии сатҳи баланд ба шумор рафта, мавқеи яке аз ду донишгоҳи давлатии сатҳи бакалаврӣ ва касбиро дар вилояти Гансу ишғол менамояд.

Феълан дар вилояти Гансу 28 техникуми олии техникии касбӣ ва 184 мактаби миёнаи касбии техникӣ мавҷуданд, ки фарогири 500 ҳазор донишҷӯён мебошанд.

Бояд гуфт, барои донишҷӯёни Тоҷикистон макотиби олии Чин барои гирифтани маълумоти олӣ қобили таваҷҷуҳ аст.

Вале, аксари донишҷӯёни тоҷик барои идомаи таҳсил донишгоҳҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистонро интихоб мекунанд.