Сояи бесуботӣ бар сари кишвари ҳавзаи Осиёи Марказӣ

 Сояи бесуботӣ бар сари кишвари ҳавзаи Осиёи Марказӣ

Коршиноси қирғиз муътақид аст рӯёрӯии ғарб ба раҳбарии Амрико бо Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ, шароити ҷадидеро барои мавқеияти геополитикии минтақа эҷод кардааст, ки нухбагони ҳоким дар маркази Осиё ҳоло барои он омода нестанд.

Қодир Маликов, раиси маркази таҳлилии мустақили дин, ҳуқуқ ва сиёсат муътақид аст рӯйдодҳое ки дар авоили январи 2022 дар Қазоқистон рух дод, ба равшанӣ нишон медиҳад ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ метавонанд мунтазири шок ва бесуботӣ дар чанд соли оянда ё ҳатто дар соли ҷорӣ бошанд.

Эҳтимоли вуқуъи шӯришҳои мукаррар вуҷуд дорад ва ҳатто метавонад дар ояндаи наздик дар Қазоқистони бори дигари шуълавар шавад ки бидуни шак моҳияти тӯлонимуддат хоҳад дошт ва ба таври мустақим ба суботи кишварҳои ҳамсоя таъсир мегузорад.

Коршиносон ҳануз баҳсҳо ва арзёбиҳои мутафовите аз рӯйдодҳои Қазоқистон ироа медиҳанд, аз ҷумла ба пешбиниҳое дар бораи эҳтимоли густариши бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ бо мушорикати марокизи хориҷӣ, мухолифатҳои хориҷӣ, гуруҳҳои тоифаӣ ва ҷинояткор, ҷунбишҳои мухарриб ва гуруҳҳои терруристӣ ишора мешавад.

Ин масаъла нақши » ҷадиди» Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро дар мувоҷеҳа бо бесуботии қарибулвуқуъ дар кишварҳои Осиёи Марказии минтақа матраҳ мекунад. Дар ҳоли ҳозир собиқае дар Қазоқистон вуҷуд дорад ки Қосим Тоқаев, раисҷумҳури феълӣ ва қонунии Ҷумҳурии Қазоқистон, аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои мубориза бо тероризм дархости кумак кард.

Дар айни ҳол, бояд дар назар дошт, ки рушди рӯҳиёти эътирозӣ дар худи кишварҳои СПАД метавонад зидди ҳокимияти хонивода ва қабила, беадолатии иҷтимоӣ ва бо истифодаи эҳтимолӣ аз равишҳои қаҳромези тағйири қудрат, ҳидоят шавад. Ба унвони мисол, ҳамонтавр, ки дар Қирғизистон ба вижа дар соли 2010 рӯй дод.

Мумкинаст як ду роҳӣ эҷод шавад; саркӯби як инқилоби мардумӣ ё саркӯби як иқдоми таҷовузкорона тавассути гуруҳҳои террористӣ. Ин мавзӯъ ба алоқаи бозигарони бузурги хориҷӣ бастагӣ дорад.

Наметавон гуфт рӯёрӯии ғарб ба раҳбарии Амрико бо Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ, шароити ҷадидеро барои мавқеияти геополитикии минтақа эҷод кардааст, ки барои нухбагони ҳоким дар маркази Осиё чандон барои он омода нестанд.

Албата илова бар авомили дохилии сирфани муассир бар рушди норизоятӣ дар ҳар як аз кишварҳо , як омили хориҷӣ , яъне нуфӯзи марокизи бузурги қудрат, шурӯъ ба ифои нақши муҳиме мекунанд.

Афзоиши таҳдидҳои бесуботӣ, давлатҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро водор мекунад, то мушкили таъмини амниятро дар марҳилаи аввал қарор диҳанд.

Дар инҷо муҳим аст, ки муъзалҳо дар ҳоли зуҳурро дар назар бигирем, ки ҳалли онҳо дар шароити ҷадид ба далели вуҷуди авомили дохилӣ хориҷӣ бисёр душвор аст. Бидуни ҳалли ин масоили мушкилсоз, суҳбат дар мавриди асарбахшии иқдомот барои тазмини амният ва ҳифзи субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ душвор аст.

Муъзали аввал марбут ба ин воқеият аст, ки далелҳои дохилӣ барои рушди зарфиятҳои эътирозӣ, норизоятӣ, таниш дар ҷавомеи худ рушд хоҳад кард.

Тақрибан дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, фасод ба таври систематик ба равише барои мудирияти умумӣ табдил шудааст. Замоне ки давлати тавассути нухбагони ҳоким ба унвони абзоре барои ғанисозӣ ё ба унвони дороӣ дар назар гирифта мешавад, ки сабаби зуҳури беадолатии иҷтимоӣ ва сиёсӣ мешавад.

Вазъияти душвори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ, аъмоли гузинишии қавонин, ҳокимияти хонавода ва тоифа, афзоиши бекорӣ, коҳиши сатҳи зиндагӣ, афзоиши қиматҳо, коҳиши таҳсилот дар байни ҷавонон, муборизаи тоифаҳо барои манобеи кишвар, тақвият ва мушорикати ҷиноят, гуруҳҳои ифротӣ, яъне ҳамаи ин авомил дар канори ҳам таъйинкунандаи рушди зарфияти эътирозӣ, радиколиза шудани гуруҳҳои хос дар дохили кишвар аст.

Маъмулан замоне, ки чолишҳои дохилӣ пеш меояд, давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказии иқдомоти табииро анҷом медиҳанд, яъне бо саркӯби конунҳои норизоятӣ таҳдидҳоро мутаваққиф мекунанд, аммо мушкилот бо ин ҳал намешавад.

Муъзали дувум, афзоиши нуфузи хориҷӣ бар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кулли минтақа аст.

Бо тавваҷӯҳ ба ташдиди равобити ғарб ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида бо Русия ва Чин, Осиёи Марказӣ ба таври пайваста ба бистаре барои интиқоли тақобули табдил ва амнияти минтақавии Осиёи Марказиро таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар айни ҳоли манофеи Русия, Чин, Туркия, Ҳинд, Покистон, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳоро дар бар мегирад.

Дар айни ҳол, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки даргирӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Русия бо истифода аз ҳамаи абзорҳо аз сурати “қудрати нарм” ба сурати даргирӣ ва иқдомоти хушунатомез табдил шавад, ки мумкин аст бар субот дар Осиёи Марказӣ низ таъсир бигузорад. Дар асл, пешбинии афзоиши фаъол шудани гуруҳҳои радиколи мунфаил ва зеризаминӣ бо густариши бештари манотиқи бесуботӣ имконпазир аст.

Ҳамчунин ин масаъла муҳим аст, ки Иёлоти Муттаҳида мустақиман эълом кардааст, ки иҷоза нахоҳад дод Русия ва Чин ба ғулҳои минтақаӣ дар АвруОсиё табдил шаванд.

Дар санади такмилии Конгресси Амрико, ки дар 27 январи 2021 мунташир шуд, омадааст: “як унсури калидии стратегияи калони миллии Иёлоти Муттаҳида, пайгирии ҳадафи ҷилавгирӣ аз зуҳури ҳижмуниҳои минтақаӣ дар АвруОсиё аст.”

Бинобарин, бо эъломи стратигии ҷадиди Амрико барои Осиёи Марказӣ, авомил ва тағйироти ҷадиде дар амният ва тавсеаи иқтисодӣ — иҷтимоии Осиёи Марказӣ падид хоҳад омад, ки зарурати бознигарӣ ё илҳоқи ҷиддии давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар стратегияҳои тавсеаи миллии кишварҳои худ, аз ҷумла дар заминаи амният аст.

Омили муҳими дигари нуфузи Туркия аст. Нигаронии вижаи Русия ва Чин дар солҳои ахир, тақвияти мавқеияти Туркия дар Осиёи Марказӣ таҳти унвони “6 кишвар, як миллат” ба ибтикори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия аст. Русия ин тарҳро як тарҳи “усмонии нав” ба унвони як чолиши баландмуддат ва ҷиддӣ барои ҳавзаи нуфузи худ дар минтақа аз ҷумла идғоми АвруОсиё медонад.

Муъзали сеюм ба чолишҳои идеология дар миёнимуддат ва баландмуддат марбут мешавад.

Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асоси сарқонун ва бо аксарияти мутлақи ҷамъияти мусулмон, секулар ва демократик ҳастанд.

Муҳимтарин масаъла барои ҷавонон масаълаи адолати иҷтимоӣ аст, аммо набуди болобарҳои иҷтимоӣ, набуди чашмандоз барои худсозӣ, сабаби мавзеи эътирозӣ алайҳи давлати мавҷуд ва кулли низом мешавад.

Дар маҳофили каршиносӣ, мавзӯи зуҳури омили радикализм метавонад ба ин воқеият сабаб шавад, ки низоми қудрат метавонад ноодилона ё зидди исломӣ дарк карда шавад.

Дар муқобили ин замина, буҳрони арзишҳои демократик, секулар, набуди ислоҳоти амиқи демократик дар Осиёи Марказӣ ё ноумедии мардум аз ислоҳоти ҷорӣ вуҷуд дорад.

Муъзалоти зикршуда як даври ботилро ташкил медиҳанд, ки бидуни роҳи ҳалли он, тазмини суботи комил ва баландмуддат ҳам дар як кишвари воҳид ва ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ душвор аст.

Аввалан ба далели беэътимодии мавҷуд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, масоили ҳалнашуда токунун дар мавриди таъйини ҳудуди марзҳо, масоили об ва нуфузи марокизи мухталифи қудрати хориҷӣ вуҷуд дорад.

Рӯйдодҳои Қазоқистон дар январи 2022 ва ҳамчунин танишҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон дар тобистони 2021, давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказиро водор мекунад, то танҳо ба неруҳои мусаллаҳи худ такя кунанд ва зарфиятҳои низомӣ ва иҷрои қонуни худро тақвият кунанд.

Метавон гуфт омили Афғонистон ва таҳдидҳои хуруҷӣ аз онҷо, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро барои муддатии тӯлонӣ ба ҳамкории низомӣ ва сиёсӣ бо Русия, Чин ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои НАТО дар ҳавзаи амният ва мубориза бо тероризми мулзам хоҳад кард. Ин чашмандоз сабаби афзоиши рақобат байни бозигарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад.

Бо ин ҳол, агар гузунаҳоиро барои бесуботии эҳтимолӣ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ояндаи наздик дар назар бигирем, вуҷуди як режими “қудратгаро” ва дастгоҳи саркӯбгар танҳо метавонад ба таври муваққатӣ субот дар дохили давлатро барои муддати муайяне тазмин кунад.

Агар қаблан Қазоқистонро маъмулан пас аз Узбекистон босуботтарин кишвари Осиёи Марказӣ меномиданд, пас воқеаҳо нишон дод, ки ҳатто интиқоли ба зоҳир муваффақиятомези қудрат дар ин кишвар ва вуҷуди як дастгоҳи саркӯбгари нисбатан қудратманд ва заъф ё вуҷуд надоштани оппозисияи сиёсӣ, боз ҳам суботи сиёсии мавҷудро тазмин намекунад.

Дар мавриди Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам метавон гуфт Душанбе дар муқоиса бо хатарҳои бесуботии эҳтимолӣ дар ояндаи наздик мавриди тавваҷӯҳ аст. Ба таври куллӣ бесуботии сиёсӣ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далелҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва қавмиятӣ метавонад бо рӯйдодҳои тасодуфӣ, ҳаргуна даргирӣ оғоз шавад, ки пешбинии он тақрибан ғайримумкин аст. Албата, магар инки иттилооти хоссе дар мавриди вуҷуди як тарҳи хориҷӣ ё як дастаи иқдомоте аз тарафи бозигарони бузург дошта бошем.