Суҳбати дубораи Путину Макрон дар масъалаи Ураина

 Суҳбати дубораи Путину Макрон дар масъалаи Ураина

Суҳбати телефонии такрории роҳбарони Фаронса ва Русия беш аз як соат идома ёфт

Президенти Русия, Владимир Путин бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон боз суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, иттилоъ дод, ки суҳбат бо хоҳиши ҷониби Фаронса ними шаб баргузор гардид. Президентҳо инчунин рӯзи якшанбеи 20 феврал низ гуфтугӯ доштанд.
РИА Новости аз қавли намояндаи Кремл навишта: «Шаби гузашта, тақрибан соати 1:00 бо ташаббуси Макрон суҳбати телефони дуюм сурат гирифт. Президентҳо музокирот атрофи Украинаро идома доданд».
Ба гуфтаи Песков, роҳбарон махсусан ба зарурати муколама аз тариқи вазоратҳои умури хориҷӣ таъкид намуданд.
Ин дар ҳолест, ки Путину Макрон рӯзи якшанбе низ наздики 2 соат суҳбат доштанд, навиштаанд расонаҳои фаронсавӣ. Тавофуқ шудааст, ки мулоқоти сеҷонибаи гуруҳи корӣ дар мавриди Украина дар Қасри Елисей баргузор гардад.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина наздики 8 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.

Роҳҳои ҳалли ин мушкилро «чоргонаи нормандӣ» баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.