Таваққуъ аз ҷаҳони араб вуруди сареҳ ба майдони амали сиёсӣ дар муқобили ҷиноёти режим ишғолгар аст

 Таваққуъ аз ҷаҳони араб вуруди сареҳ ба майдони амали сиёсӣ дар муқобили ҷиноёти режим ишғолгар аст

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон зулми чанддаҳсолаи саҳюнистҳои хабис ба мардуми Фаластинро воқеияти талх ва зарбае ба дунёи Ислом ва ҷаҳони араб хонданду гуфтанд: Таваққуи Ҷумҳурии исломии Эрон аз дунёи араб вуруди сареҳ ба майдони амали сиёсӣ аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сайид Алӣ Хоманаӣ, рӯзи панҷшанбе дар дидори шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд: Рӯйкарди кишварҳои арабӣ дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ агар аз тарс ё аз рӯйи тамаъ ба он аст, бояд бидонанд имрӯз режими ишғолгари Исроил на дар шароите аст, ки метавон ба ӯ тамаъ дошт ва на аз ӯ тарсид.

Ишон роҳи ҳалли масоили минтақаро ба дасти кишварҳои минтақа ва аз тариқи гуфтугӯ донистанд ва афзуданд: Масоили Сурияву Яман низ бо гуфтугӯ қобили ҳал аст, албатта гуфтугӯ набояд аз мавзеи заъф бошад, дар ҳоле ки тарафҳои муқобил, яъне умдатан Амрико ва дигарон ба қудрати низомиву молӣ муттакӣ ҳастанд.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки барои идораи минтақа эҳтиёҷе ба дахолати дигарон нест, гуфтанд: саҳюнистҳо ҳар ҷо по мегузоранд, фасод эҷод мекунанд ва ҳеҷ қудрату имтиёзе низ наметавонанд ба кишварҳо бидиҳанд, бинобарин кишварҳои минтақа ҳар чӣ метавонанд бояд равобити худро аз тариқи ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ тақвият кунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо таъкид бар афзоиши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии Эрон ва Қатар, истеҳкому пойдории равобити Эрону Қатарро ба нафъи ҳар ду кишвар донистанд ва афзуданд: Сатҳи кунунии иртибототи иқтисодии ду кишвар бисёр пойин аст ва бояд чанд баробар шавад ва қарорҳои таъйиншуда байни Эрону Қатар дар замонбандии муайяну мушаххас амалӣ шавад.

Амири Қатар низ бо ибрози хурсандӣ аз дуюмин сафари худ ба Эрон, ба ҷойгоҳи барҷастаи Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар ҷаҳони Ислом ишора кард ва гуфт: Ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Фаластин ногувор аст ва ҳама бояд дар баробари ҳаводиси Фаластин истодагӣ кунанд.

Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ ҳамчунин роҳи ҳалли масоили кишварҳои минтақа, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Яманро гуфтугӯ донист ва дар бораи равобити иқтисодии Эрону Қатар низ гуфт, кумитаи иқтисодӣ байни ду кишвар фаъол шуда ва то соли оянда ҳамкориҳои иқтисодӣ иртиқои қобили таваҷҷуҳе пайдо хоҳад кард.