Тавофуқи Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ

 Тавофуқи Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ

Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба корҳои мавсимӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ба нақл аз дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бо Раиси шаҳри Сангҷу ҷаноби Канг Юнг Сок дидору гуфтугӯ кардааст. Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили ҷалби қувваи кории мавсимӣ ва имкони фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи ёддошти баимзорасида тибқи талабот қувваи корӣ барои корҳои мавсимӣ аз Тоҷикистон ба шаҳри Сангҷу сафарбар карда шуда, минбаъд низ дар риштаҳои мухталиф ҳамкории густурда ба роҳ мемонанд.

Ҳоло дигар ба назар мерасад, ки Корея барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба худ дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он бо Тоҷикистон омодааст.

Тавре вазорати меҳнат хабар додааст, зимни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда барои муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Манбаъ қайд кардааст: “Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди имкони густариши доираи кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Корея ва имзои Созишнома байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Корея дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори дархост кард”.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин аҳамияти кумаки Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея дар масъалаи огоҳии корфармоёни кореягӣ аз захираҳои кории Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ махсусан таъкид шуд.

Ан Кёнг Дук, вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани онро таъкид намуд.

Муҳоҷират яке аз дағдағаҳои бисёри муҳим барои хонаводаҳои тоҷик мебошад, ки дар тӯли солҳои мухталиф мушкилоти зиёде дар кишварҳои муҳоҷирпазир сари роҳашон будааст ва дар ин байн мақомот ҳам камкорӣ ва кӯтоҳӣ кардаанд ва барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон тадбирҳои зарурӣ андешида нашудааст.