Талоши Тоҷикистон ва Беларус барои сохти муштарақи корхонаи қолинбофӣ

 Талоши Тоҷикистон ва Беларус барои сохти муштарақи корхонаи қолинбофӣ

Тоҷикистон ва Беларус бо сохти корхонаҳои муштараки қолинбофӣ дар пайи густариши ҳамкориҳои ду ҷонибаи худ дар бахши истеҳсолот мебошанд.

Вазири руштди иқтисоду савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода бо сафири Беларус дар Душанбе, Виктор Денисенко дидор ва роҳҳои густариши ҳамкории ду ҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҷонибҳо ният доранд, корхонаи муштараки истеҳсоли қолинҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъсис диҳанд.

Инчунин изҳори ният кардаанд, ки содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот ба Беларус афзоиш дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки солҳои охир Тоҷикистон ва Беларус талош доранд, ҳамкориро дар самти роҳандозии истеҳсолот густариш диҳанд.

Аз ҷумла нимаи моҳи равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи «Хуҷанд-Могилёвлифтмаш» оғоз бахшид, ки аз ҷониби раиси «Хуҷандторгмаш» дар ҳамкорӣ бо корхонаи «Могилёвлифтмаш»-и Беларус таъсис дода шудааст.

Ин корхона дар масоҳати 1,8 гектар бо харҷи 2,9 млн. сомонӣ бунёд шудаст, ки аз он 2,1 миллион сомонӣ барои насби таҷҳизот равона гардидаст. Таъкид шудааст, ки дастгоҳу таҷҳизот аз Беларус ворид карда шудааст.

Дар доираи ин ҳамкорӣ лифтҳои нимтайёр аз “Могилёвлифтмаш” ворид карда шуда, бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии боқимонда дар корхонаи нави шаҳри Хуҷанд лифт пурра барои истифода омода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳадафи стратегии чорумашро саноатикунонии босуръати кишвар эълон карда, ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди ин бахш таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.