Тасвиби нахустин баёнияи Шӯрои Амният дар бораи ҷанги Украина

 Тасвиби нахустин баёнияи Шӯрои Амният дар бораи ҷанги Украина

Манобеи дипломатик дар Созмони Милал эълон карданд, Шӯрои Амнияти ин созмон бо судури баёнияе ба иттифоқи оро “ҳимояти қавӣ”-и худ аз Антониои Гутерриш, дабири кулли СММ-ро дар талош барои ҳалли сулҳомези ҷанги Украина эълон кард.

Ин баёнияи тавассути Норвегия ва Мексика ироа ва барои аввалин бор дар Шӯрои Амният тасвиб шуд.

Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар 24 феврал ин аввалин боре аст, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар сари интишори баёнияе бо мавзӯи Украина ба иҷмоъ расидааст.

Дар матни бисёр кӯтоҳи ин баёния омадааст, ки “Шӯрои Амният нигаронии амиқи худро дар бораи ҳифзи сулҳу амният дар Украина иброз мекунад.”

15 узви Шӯрои амният дар баёнияи худ ёдоварӣ карданд, ки “ҳамаи кишварҳои узв бар асоси маншури Созмони Милал мутааҳҳид шудаанд ихтилофоти худро аз роҳҳои мусолиматомез ҳаллу фасл кунанд.”

Ҳамчунин дар ин баёния аз дабири кулли Созмони Милали хоста шудааст, ки пас аз тасвиби баёния, гузоришеро ироа кунад.