Ташдиди буҳрони паноҳҷӯён дар Аврупо

 Ташдиди буҳрони паноҳҷӯён дар Аврупо

Ҳуҷуми паноҳҷӯён ба сӯи марзҳои Аврупо бори дигар ин қораро бо буҳрон рӯбарӯ кардааст. Кишварҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо дар баробари сели паноҳҷӯён марзҳои худро баста ва шароитро барои пазириши онон сахттар кардаанд. Дар ин замина кишварҳои шарқи Аврупо бо теъдоди бештаре аз паноҳҷӯён рӯбарӯ ҳастанд ба тавре, ки мақомҳои Полша бо ибрози нигаронӣ аз ин вазъият, аз истиқрор беш аз 12 ҳазор низомӣ барои муқобила бо мавҷи паноҳҷӯён дар марзҳои худ хабар доданд.

Видеоҳои мунташир шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, садҳо паноҳҷӯ ба сӯи марзи Полша пеш мераванд. Ин дар ҳоле аст, ки порлумони Полша низ чанд ҳафта қабл барои сохти девор доимӣ дар марзҳо бо ҳадафи муқобила бо ҳуҷуми паноҳҷӯён, муҷаввиз содир кард.

Тайи моҳҳои ахир бо тағйироти сиёсӣ дар арсаи байналмилал аз ҷумла истиқрори Толибон дар Афғонистон, сели муҳоҷирати ҷадиде ба сӯи Аврупо равон шудааст. Бисёре аз ин паноҳҷӯён ба умеди расидан ба амнияту рифоҳ, роҳии марзҳои Аврупо шудаанд ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои аврупоӣ аз тарси такрори буҳрони 2016 , марзҳои худро ба рӯи паноҳҷӯён бастаанд.

Аз сӯи дигар танишҳои сиёсӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Беларус сабаб шуда то паноҳҷӯён ба унвони ҳарбаҳои сиёсӣ дар рақобат миёни давлатҳо мавриди истифода қарор бигиранд. Полша, Литва, Латвия ва Иттиҳодияи Аврупо тайи моҳҳои ахир, давлати Беларусро ба роҳ додани қасдонаи муҳоҷирон ба даруни Иттиҳодияи Аврупо муттаҳам мекунанд. Брюссел ин иқдоми давлати Беларусро ҷанги гибридии Минск алайҳи Иттиҳодияи Аврупо хонда ва муътақид аст, ин иқдоми талофиҷӯёнаи давлати Беларус, дар баробари таҳримҳои вазъ шудаи Брюссел алайҳи Минск тайи моҳҳои гузашта иттихоз шудааст. Иддаое, ки аз сӯи давлати Беларус такзиб шудааст.

Торномаи рӯзномаи “Daily Mail” дар ин замина навишт: Аз замони оғози эъмоли таҳримҳои Брюссел алайҳи Минск, теъдоди паноҳҷӯён дар марзи 670 километрии Беларус бо Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли афзоиш аст. Дар соли ҷорӣ низ беш аз чаҳор ҳазор ва 100 паноҳҷуи вориди Литва шудаанд, ки ин теъдод 50 баробари бештар аз омори сол 2020 аст.

Паноҳҷӯён мегӯянд, маъмурони марзии Полша ва Литва онҳоро ба ақиб бармегардонанду маъмурони марзии Беларус монеи баргаштан онҳо ба хоки Беларус мешаванд.

Расонаи олмонии «NTV» дар гузорише ба шароити асафбори паноҳндагоне, ки ба далели сиёсатҳои сахтгиронаи Полша дар марзҳои байни ин кишвар бо Беларуси банд мондаанд, навишт: Вазъияти паноҳҷӯён фоҷеъабор аст. Онон дар ҳавои озод ва дар дамои ҳудуди сифр арҷа дар шабу ҳудӯди 8 дараҷа дар рӯз гирифтор шудаанд; бидуни ғизо, бидуни чодар ва бидуни муроқибатҳои пизишкӣ, зиндагӣ мекунанду созмонҳои имдодӣ ва рӯзноманигорон ҳам иҷозаи мулоқот бо онҳоро надоранд.

Шароити сахту ғайриинсонии паноҳҷӯён сабаб шуда то ниҳодҳои байналмилалӣ нисбат ба шароити мавҷӯд, ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Полша ҳушдор диҳанд. Созмони афви байналмилал дар ин замина аз Полша хоста то вазъияти фавқулода дар ин минтақаро лағв карда ва муроқибату таъмини муносиби ниёзҳои паноҳндагону расидагӣ ба дархостҳои паноҳандагии онҳоро дар дастури кор қарор диҳад.

Кишварҳои аврупоӣ дар ҳоле сиёсатҳои сахтгирона ва зиддинсонӣ алайҳи паноҳҷӯён иттихоз кардаанд, ки ҳамвора муддаии инсондӯстӣ, дифо аз ҳуқуқи инсонӣ, риояти масоили марбӯт ба ҳуқуқи башару озодӣ дар арсаи байналмилал будаанд ва дар ин замина бисёре аз кишварҳоро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам карда ва муҷозотҳоеро чун таҳрим барои онон дар назар мегиранд.

T. Strike, нависандаи гузориши таҳқиқотии порлумони Аврупо мегӯяд: Аврупо ба тааҳҳудоти худ дар қиболи ҳуқуқи башар амал накардааст ва аз ин рӯ натавониста аз буруз ё ташдиди хушунати бештар ҷилавгирӣ кунад.

Паноҳҷӯён дар шароити сахте қарор доранд ва баназар мерасад фориғ аз ҳамаи шиорҳои инсонӣ; кишварҳои аврупоӣ танҳо манофеи худро маддиназар қарор дода ва ҳатто паноҳҷӯёнро низ дастмояи гаравкашиҳои сиёсии худ қарор додаанд.