Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Озарбойҷон ба густариши муносибот

 Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Озарбойҷон ба густариши муносибот

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо вазири кишоваризии ин кишвар густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуд..

Бар асоси гузориши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии Рустам Солӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Инам Каримов, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии номбурда, инчунин густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётию транзитӣ, сармоягузорӣ ва кишоварзӣ мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон табодули фаъоли афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 29 майи 2022 ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Душанбе ва Боку (29 майи 1992) 30 сол мешавад.

Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 фаъолиятро оғоз кард.

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Душанбе ва Боку ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошанд ва мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.

Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн асосан вохӯриҳои сарони ду давлат дар сиғаҳои гуногун мусоидат мекунад.

Дар айни замон заминаи ҳуқуқии Душанбе ва Боку зиёда аз 55 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки муҳимтарини онҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошанд, ки 16 марти соли 2007 имзо шудааст.

Ҳуҷҷатҳои байни ду кишвар қабулшуда, бешубҳа, заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Боку дар тамоми соҳаҳо мебошанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла истифодаи имконияти транзитию нақлиётии Озарбойҷонро метавон ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои мутақобилаи иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ кард.

Дар ҳамоҳангсозии ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳои мо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад.

30 марти соли 2021 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Раванди Истанбул — Қалби Осиё» мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷейҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон  сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ мусоҳибон тавофуқ намуданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд.

Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.