Таъкиди президенти Туркманистон ба тақвияти равобит бо Амрико

 Таъкиди президенти Туркманистон ба тақвияти равобит бо Амрико

Раисҷумҳури Туркманистон дар паёми табрики солгарди сиюмин соли барқарории равобит бо Амрико, ба тавсеаи бештари равобити ду кишвар таъкид кард

Раисҷумҳури Туркманистон дар паёми табрики солгарди сиюмин соли барқарории равобит бо Амрико, бар тавсеаи бештари равобити ду кишвар таъкид кард.

Ба нақл аз Mir24.tv, Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар паёми табрики солгарди сиюмин соли барқарории равобит бо Амрико, бар тавсеаи бештари равобити ду кишвар таъкид кард.

Раисҷумҳури Туркманистон дар паёми худ бо таъкид бар инки кишвари мо дар заминаҳои сиёсӣ, дипломатик, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва бисёр ҷанбаҳои дигар бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд, равобити дӯстона бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барқарор кардааст, ки имрӯз низ дар мавозеъ ва мавқеиятҳои калидӣ ва асосӣ идома дорад.

Вай дар ин паём гуфт: “дар оянда қасд дорем таомули худро ба тадриҷ густариш диҳем ва тақвият кунем ва дар ин замина мунтазири талошҳои муштарак барои расондани равобит ба сатҳи болотар ҳастем.”

Бердимуҳаммадов бо ишора ба инки Туркманистон дар масири Ҷоддаи бузурги Абрешим натанҳо аз шароити ҷуғрофиёии мусоид бархурдор балки захоири азими манобеи табиӣ аст, таъкид кард: “омодагии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар тавсеаи равобит бо Амрикоро дорем.”

Дар ин замина, Бердимуҳаммадов бо таъкид бар фаъолияти ширкатҳои пешрави амрикоӣ дар бозори Туркманистон, бар ин воқеият таъкид кард, ки иртибототи тиҷорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар заминаҳои ҳавопаймои кишварӣ, кишоварзӣ, барқ ва бонкӣ идома дорад.

Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури нави Туркманистон барои кори муштарак барои расондани равобити дуҷониба ба сатҳи ҷадид аз тариқи истифода аз фурсатҳои мавҷуд ибрози омодагӣ кард.