Таъкиди Раҳмон ва генерали олирутбаи Эрон ба таҳкими ҳамкориҳо ва мубориза зидди терроризм

 Таъкиди Раҳмон ва генерали олирутбаи Эрон ба таҳкими ҳамкориҳо ва мубориза зидди терроризм

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таҳкими ҳамкориҳо ва мубориза зидди терроризм таъкид шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, мулоқоти Раҳмон бо намояндаи аршади артиши Эрон дар Қасри миллат пас аз зуҳри 17 май барпо шуд. Тоҷикистон ва Эрон зарурат ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карданд.

Манбаъ афзудааст: «Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, ба хусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд», — афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Марвид ба зикр аст, ки Муҳаммади Боқирӣ қабл аз ин бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон  низ мулоқот ва ҳамкориҳои низомиро баррасӣ кард.

Муҳаммади Боқирӣ, генерали аршади Эрон гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар бояд илова бар барқарории амният дар марзҳо бо якдигар таомулу табодули назар дошта бошанд, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ, дуҷониба ва ҳамчунин табодули омӯзишу тавсеаи ҳамкории низомӣ перомуни мубориза бо терроризм бояд дар авлавияти нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар қарор гирад.

Вазири дифои Тоҷикистон аз тарҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо терроризм истиқбол карда гуфтааст, баргузории размоишҳои муштарак ва тавсеаи таҷҳизоти низомӣ аз авлавиятиҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистону Эрон аст.

Ҳамзамон ҷонибҳо дар Душанбе корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини сохти ҶИЭ “Абобил–2”-ро оғоз карданд.

Ҳавопаймои «Абобил-2» яке аз аввалин дастовардҳои ҳавопаймои бесарнишини Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки то имрӯз бо теъдоди зиёд истеҳсол шуда, ба ҷузъу томҳои гуногуни нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар додаву корбурд шудааст.

Гуфта мешавад, бурди амалиётии ин паҳпод 100 километр аст ва “Абобил -2” мудовимати парвозии 75 то 120 дақиқаро дорад. Ҳамчунин суръати ниҳоии ин паҳпод 220 киллометр дар соат аст.