Таъкиди Тоҷикистону Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангӣ

 Таъкиди Тоҷикистону Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангӣ

Дар дидори раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба алоқамандии ду тараф нисбат ба тавсеаи ҳамкориҳои муштараки адабӣ ва фарҳангӣ таъкид шуд.

Дар дидори Низом Қосим, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон заминаҳои тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор, Низом Қосим зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузури сафири Эрон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, изҳор дошт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки дар соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафоратхонаи худро дар Душанбе доир намуд. Мо иштирокоти фарҳангии фаровоне дорем, ки метавонад барои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф асаргузор бошад”.

Вай бо баёни инки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити хубе доштааст, гуфт: “хостори тадовуми ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар ҳастем”.

раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасреҳ кард: “мо дар чорчуби сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатик миёни Тоҷикистон ва Эрон омодаи баргузории маросими гиромидошти шоирон ва нависандагони ду кишвар ҳастем. Ҳамчунин аз нашри осори адибони тоҷик дар Эрон истиқбол мекунем, зеро чунин иқдоме сабаби таъмиқи ҳамкориҳо ва ошноии беҳтари мардуми ду кишвар аз якдигар хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин бо ибрози алоқамандӣ ҷиҳат муаррифии осори адибони тоҷик дар Ҷашнвораи Форобӣ изҳори умедворт кард, ки муносибот миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ва ба хусус адабӣ ва фарҳангӣ аз тавсеаи рӯзафзун бархурдор хоҳад шуд.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳам бо ишора ба иродаи мақомоти олии ду кишвар бар густариши равобит миёни ду миллати ҳамдин, ҳамзабон ва ҳам фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ва низ таҳаввулоти мусбат дар равобит миёни Теҳрон ва Душанбе, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати тавсеа ва тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии ду кишварро эълом кард, ки мавриди истиқболи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор гирифт.

Сафири Эрон тасреҳ кард: “иштирокоти фаровони ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, ба вежа дар ҳавзаи фарҳангӣ, зарфияти бисёр хубе барои тавсеаи ва густариши ҳамкориҳои мутақобил буда ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷиҳати таъмиқи муносиботи адабӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад.

Собирӣ дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ, сафари ҳайатҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҷиҳати ширкат дар намоишгоҳҳои китоби Эрон ва Тоҷикистон, дидор аз марокизи фарҳангӣ, ҳунарӣ ва таърихии ду кишвар, баргузории муштараки намоишгоҳҳо барои муаррифии дастовардҳо ва фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ, муаррифии осори мумтоз ва барҷастаи адабиёти тоҷик ва Эрон ва таҷлил аз муносибатҳои миллии ду кишвар ҳамчу баргузории рӯзҳои ҷаҳонии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлавиро аз ҷумла заминаҳои ҳамкорӣ дар тавсеа ва тақвияти муносиботи фарҳангии ду кишвар донист.

Сафири Эрон ҳамчунин ба зарурати баргузории семинарҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯоти мавриди алоқа дар маҷмаъҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар, аз ҷумла иҷрои барномаҳои муштараки илмӣ ва фарҳангӣ таъкид кард.