Таъкиди Туркманистон ва Туркия ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба

 Таъкиди Туркманистон ва Туркия ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба

раисони ҷумҳури Туркия ва Туркманистон дар як тамоси телефонӣ бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ таъкид карданд.

Раисони ҷумҳури Туркия ва Туркманистон дар як тамоси телефонӣ бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ таъкид карданд.

Раҷаб Тайиб Урдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар тамоси телефонӣ бо Сардор Бердимуҳаммадов чашмандози ҳамкории мутақобили ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо дар тайи чанд соли гузаштаро мусбат арзёбӣ карданд.

Тарафайн дар идома тасреҳ карданд, ки дар қолаби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ дар чорчуби Созмони Милал, ЭКО ва Созмони кишварҳои туркзабон, иртиботи самарбахше мушоҳида мешавад.

Бердимуҳаммадов таъкид кард: “Туркия яке аз шарикони калидии тиҷорӣ ва иқтисодии Туркманистон аст ва дар ин замина ба нақши комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва шӯрои бозаргонии Туркманистон ва Туркия дар эҷоди ҳамкориҳо ишора шуд.

Ҳамчунин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Маҷлиси миллии Туркманистон ва Мустафо Шентуп, раиси Маҷлиси миллии Туркия дар тамоси телефонӣ дарбора ҳамкориҳои байнипарлумонӣ байни ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Бердимуҳаммадов ва Шентуп дар идома дар мавриди роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни Туркманистон ва Туркия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табодули назар карда ва ба аҳамияти ташдиди гуфтугӯҳо дар ҳавзаи ҳуқуқӣ аз тариқи парлумонҳо таъкид карданд.

Туркия дар вақтҳои охир талоши зиёде барои таҳкими равобити худ дар арсаҳои мухталиф бо кишварҳои дар қаламрави Осиёи Марказӣ доштааст ва пеш аз ин Туркманистон ҳам дар дидорҳои мухталиф бо мақомоти Тоҷикистон тақвият, рушд ва таҳкиму густариши равобити худ бо Тоҷикистонро дар арсаҳои мухталифи мавриди алоқа барои ду тараф пайгирӣ намудааст ва ҳоло пас аз рӯи кор омадани Сардор Бердимуҳаммадов ба ҳайси президенти нав ва ҷавони Туркманистон талош дорад то равбиту муносиботи худро бо ин кишвар беҳбуд бахшад.