Таҳдиди асосӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон

 Таҳдиди асосӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори он аст, сухан ронда, хостори ҳалли фаврии он шуд.

Ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои расидан ба рушди устувор дар масъалаи таъмини об нокифоя хонд.

Ӯ зимни суханронӣ дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором гуфт, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо он суръату талошҳое, ки мо имрӯз дорем, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус дар қисмати об, хеле мушкил мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим, ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд.

Чунин ҳолат ба таъкиди Эмомалӣ Рашмон таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, бисер возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст: «Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад».

Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи об ва иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд ва дар доираи ин раванд аз ҷумла пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала суръат бахшида шаванд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ аввалин конфронс дар доираи Даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор» баргузор гардид. Дувумин чунин чорабинӣ аз 6 то 9 июни соли 2022 баргузор мешавад.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон аз конфронси оби СММ, ки бо ибтикори Тоҷикистон дар соли 2023 дар Ню Йорк баргузор мешавад, ёдовар шуд.

президент ширкаткунандагони ҳамоишро ба конфронси Душанбе бахшида ба омодагӣ ба чорабинии дар боло зикршуда даъват намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар якҷо бо кишварҳои шарик минбаъд низ пешсафиву иродати сиёсии худро фаъолона идома хоҳад дод.