Террори талхи Боқир аз ҷониби мақомоти низомӣ ва изҳороти аҷиби ВКД

 Террори талхи Боқир аз ҷониби мақомоти низомӣ ва изҳороти аҷиби ВКД

Мақомоти Тоҷикистон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои Бадахшонро рӯзи 22 май соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ террор кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои Бадахшонро рӯзи 22 май соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ террор кардаанд. Дар хабари Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта мешавад, ки ба қатл расондани ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло «бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» рӯй додааст. Дар хабари расмӣ ӯро «саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ» номидаанд. Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.

Бар асоси иттилоот аз Хоруғ, ин пешвои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҳаллае, ки дар забони мардуми Хоруғ чун “Бойнӣ” маъруф асту дар наздикии манзили ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ ҷойгир аст, террор шудааст. Яке аз сарчашмаҳо мегӯяд, ҳамроҳи ӯ як сокини дигари Хоруғ захмӣ гаштааст. Феълан тафсилоти бештари ин ҳодиса дар даст нест.

Маҳмадбоқиров афсари пешини нируҳои марзбонии Тоҷикистон ва полковники мустаъфӣ буд. Исми ӯ ахиран дар робита бо эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи парвандаи мақомоти ҳифзи қонун ёд мешуд. Аз ҷумла, рӯзи 17-уми май дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Алим Шерзамонов ва Улфатхонум Маҳмадҳоева чун “созмондиҳандагони эътирози 16-уми май дар Хоруғ” ёд шуд.

Дар ҳоле ки эътирозгарон тафтиши пурраи қатли сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбековро талаб мекарданд, ки аз тарафи мақомоти интизомӣ ҳангоми боздошт кушта шуд, мақомот норозиён ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро ба латукуби Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Бадахшон айбдор намуданд. Зидди ӯ рӯзи 2 феврал бо айбномаи «истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ» парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд ва мақомот пойфишорӣ доштанд, ки ӯ худро таслим кунад. Вале худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомро рад мекарданд. Рӯзи 9 феврал Маҳмадбоқиров дар як паёми видеоӣ гуфт, «на ягон қонуншиканӣ кардааст ва на ягон хиёнат». Вай илова намуд, ки сӣ соли охир зери фишори мақомоти давлатӣ зиндагӣ мекунад.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сафи нируҳои мухолифин ҷангида, баъдан созишномаи сулҳро пазируфт. Бар асоси саҳмияи 30-дарсадӣ ба раҳбарии посгоҳи марзии Мурғоб пардохт ва то солҳои аввали 2000-ум дар ин мақом кор кард. Бархе Маҳмадбоқировро яке аз раҳбарони нисбатан бонуфузи дар ВМКБ меномиданд.

Изҳороти ВКД

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 22 майи соли 2022 дар як иттилоияи вижа, ки тавассути хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, террори шудани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои Бадахшонро расман тасдиқ кард. Дар ин иттилоия Боқир “саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ” номбар шуда, гуфта мешавад, ки ӯ дар ҷараёни “муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” кушта шуд.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта шудааст: “Имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров Карамалишоевич кушта шуд.Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардид”.

Мақомот тафсилоти дигар надодаанд, вале аз Хоруғ хабарҳо чунин аст Боқир, ки мақомот ӯро ташкилкунанда ва раҳбари асосии эътирозҳои ахир дар ин вилояти мухтор меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2022 дар натиҷаи як амалиёти вижа дар шаҳри Хоруғ террор шуд. Боқир 59 сол дошт.

Аммо ҳақиқати моҷаро

Бино ба иттилои дарёфтӣ,  Боқир аз тири снайпер аз маҳаллаи Бойне террор шудааст. Маҳаллаи Бойне дар поёнтари Хуфак ва дар рӯбарӯи маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло),  маҳали иқомат ва пойгоҳи асосии тарафдорони Боқир ҷойгир шудааст.  Гуфта мешавад, ки яке аз ҳамроҳони Боқир низ тир хӯрдааст.

Аз Хоруғ хабар медиҳанд, ки мардум, асосан ҷавонон, дар маҳаллаҳои гуногуни Хоруғ ҷамъ шудаанд, вале мақомот дар кӯчаҳо  шумори зиёди нируҳоро мустақар карда, роҳҳои ба тарафи Бархоруғро маҳкам кардаанд ва ба касе имкони рафтан ба он тарафро намедиҳанд.

Роҳҳои ба сӯи Бархоруғ аз 16 май ба ин тараф баста буд ва нируҳои амниятӣ аз 18 май, дар пайи саркӯби эътирозҳо дар Рӯшон Бархоруғро ба муҳосира гирифта буданд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои Бадахшон, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нируҳои мухолифини тоҷик аст, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби квотаи сифоизаи мухолифин фармондеҳи як қисми ҳарбии нируҳои марзбонӣ таъйин шуд ва соҳиби рутбаи полковник шуд.

Ба зидди Боқир моҳи январи соли 2022 бо иттиҳоми таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.  Ӯ аз ҷумла ба латтукӯб ва таҳқири раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзов айбдор мешуд, вале худаш инро рад карда, мегуфт, “бо муаллим танҳо як суҳбати падарона кардам”.

Боқиру тарафдоронашро ҳамчунин ба он айбдор мекарданд, ки моҳи ноябр ба кормандони милитсия дар Хоруғ ҳамла карда, аз ҷумла як корманди милисаро дар посгоҳ бо табар зада, захмӣ кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Боқир талаб доштанд, ки ҳамроҳи 6 тан аз тарафдоронаш худро бисупорад. Боқир ин талабро қабул накард ва инак чанд моҳ боз сокинони Хоруғ нигарони роҳандозии амалиёти махсус барои боздошти Боқиру тарафдорони ӯ буданд. Сокинон барои мамониат ба ин, дар роҳҳое, ки ба сӯи хонаи Боқир мебаранд, чанд муддат навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда буданд.

Аз 14 май дар Бадахшон мавҷи нави эътирозҳо оғоз ёфт, ки мақомот Боқир, ҳамчунин сиёсатмадори мухолифи муқими Аврупо Алим Шерзамонов, фармондеҳи нируҳои марзбонӣ Холбаш Холбашев ва ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Маҳмадшоеваро ба ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии ин эътирозҳо айбдор карданд. Дар ҷараёни саркӯби ин эътирозҳо бо истифода аз ниру даҳҳо нафар куштаю захмӣ шуданд.

Охирин сайругашти Боқир

Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ, журналистони мустақил, ки ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, дар саҳифаҳояшон дар Фейсбук бо истинод ба шоҳидони айнӣ, бархе тафсилоти чӣ гуна террор шудани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои Бадахшон ва ду сокини дигари Хоруғро нашр карданд.

Бино ба иттилои онҳо, Боқир, ки рӯзҳои ахир таҳти фишор шадид қарор дошт ва ба далели таҳти ҳадафи доими мерганҳо (снайперҳо) қарор доштанаш қариб аз хона берун намебаромад, нимаи дуюми рӯзи якшанбе азм кардааст, ки каме дар кӯчаҳо сайругашт кунад.

Рустами Ҷонӣ дар ин бора чунин мегӯяд:

“22-уми май наздик ба соати 17-00 гуфтааст, мехоҳад дар ҳавои тоза бигардад. Хона ба зиндони ӯ табдил ёфтааст.Аз ин шеваи зист хаста шудааст. Мардум низ гирифтори вазъи ӯ ҳастанд. Ӯ ба исрору зориву таваллои ҷонибдорон, ки зидди берун омадани ӯ буданд, аҳамият намедиҳад ва мегӯяд, мехоҳад танҳо дар кӯчаҳои кӯдакиаш сайру гашт кунад, ҳич кас аз паяш наояд. Ӯ пиёда аз хонааш, ки дар маҳаллаи Бархоруғ воқеъ аст, берун меояд ва шурӯъ ба сайри худ мекунад. Сино, аз ҳамроҳони доимиаш, махфиёна аз паяш меравад.

Чун Маҳмадбоқир ба макони Бойне мерасад як “пикап”, ки неруҳои зудамали ҳукумат бо он мегарданд, якбора пайдо мешавад. Аз дохили он чаҳор сарбози сиёҳпӯш берун шуда, аз чаҳор “автомат” бидуни таъхир ва огоҳӣ сарҳангро тирборон мекунанд.Хуршед, аз сокинони ин маҳал, ин вазъро мебинад ва мехоҳад бо тани худ Маҳмадбоқирро пӯшонад. Сарбозон ӯро мепарронанд. Ин вақт Сино ҳам ба имдод мерасад, аммо муқобили сарбозони мусаллаҳ бо дасти холӣ чӣ мекард?

Қотилон ба мошин савор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Сино ҷароҳат бардошта, ҳоло вазъаш вазнин аст ва дар беморхона қарор дорад. Ҷасади Маҳмадбоқирро мардум баъди рафтани қотилон гирифта ба хонааш мебаранд. Ин ҳодисаро сокинони маҳалли Бойне мебинанд ва ба мо нақл карданд.”

Маълум нест, ки афроди силоҳбадаст кӣ буданд. Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова мутмаинанд, ки онҳо аз нируҳои вижаанд. Вале ВКД Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки Боқирро нимаи дуюми рӯзи 22 май дар Бархоруғ дар ҷараёни “муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” куштаанд. ВКД аз ин бештар иттилоъ надод, ки Боқирро кӣ террор кардааст? Ин ниҳод танҳо гуфт, ин қазияро додситонии вилояти Бадахшон таҳқиқ мекунад.

Инчунин маълум гашт, ки Боқир ва ду тан аз ёронашро снайперҳое, ки чанд рӯз дар маҳаллаи Бойнӣ дар рӯбарӯи Бархоруғ хайма зада, камин гирифта буданд, паррондаанд.