Террори Қосим Сулаймонӣ ва паёмадҳои вазнини он барои ИМА (2)

 Террори Қосим Сулаймонӣ ва паёмадҳои вазнини он барои ИМА (2)

Террори Қосим Сулаймонӣ чӣ гуна ба манфиатҳои ИМА дар Ироқ зиён расонд? Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ оқибатҳои фарогири тасмими бепарвои Трамп дар бораи террори Қосим Сулаймониро эҳсос мекунанд.

Террори Қосим Сулаймонӣ чӣ гуна ба манфиатҳои ИМА дар Ироқ зиён расонд? Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ оқибатҳои фарогири тасмими бепарвои Трамп дар бораи террори Қосим Сулаймониро эҳсос мекунанд.

Генерал Қосим Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Муҳандис назорати қобили мулоҳизае бар гурӯҳҳои ҷангҷӯён дар Ироқ доштанд ва ҳамин масъала метавонист дар Ироқ ва баъдан барои неруҳои амрикоӣ фазои пешбинишаванда эҷод кунад. Ҳоло онҳо (амрикоиҳо) бо як қатор гурӯҳҳои ҷангҷӯёни шебҳинизомӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки бархе аз онҳо мустақилона амал мекунанд ва бо тамоми қудрат ҳукумати Ироқ ва неруҳои Амрикоро ҳадаф қарор медиҳанд.

Дар робита ба ин, Кейт Маккензи, фармондеҳи неруҳои Centcom, ахиран эълом дошт, ки интизори ҳамлаҳои бештар алайҳи неруҳои Амрико дар ҳафтаҳои оянда аст. Бояд қайд кард, ки агар нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ набошанд, асосан эҷоди боздорандагӣ дар баробари онҳо ҳам аҳамияте надорад. Дар шароити феълӣ эътирозҳои мухталиф алайҳи ҳузури нируҳои Амрико дар хоки Ироқ ва аъмоли худсаронаи онҳо дар ин кишвар вуҷуд дорад. Масъалае, ки дар навъи худ то ҳадди зиёде анҷоми ҳамлаҳо алайҳи неруҳои амрикоӣ дар Ироқро ташвиқ мекунад. Аслан, иқдомоти якҷониба ва ғайриқонунии Иёлоти Муттаҳида дар хоки Ироқ, худ як омили муассир дар ташкили ҳукумати қавӣ дар Ироқ ва дар пайи он эътирозҳои густурдаи мардумӣ дар он кишвар аст.

Майк Помпео, котиби ИМА дар як суханронӣ дар конфронси “амалиёти сиёсии муҳофизакорон” дар соли 2021 гуфт: «Генерал Сулаймонӣ пас аз террор шуданаш, дигар таҳдиде барои Иёлоти Муттаҳида нест.» Аммо бар хилофи гуфтаҳои Помпео, террори генерал Сулаймонӣ барои Иёлоти Муттаҳида як қатор оқибатҳои ногуворе дошт ва ҳатто имрӯз ҳам амрикоиҳо бо он паёмадҳо дучор ҳастанд. Набояд фаромуш кард, ки Эрон ба ҳеҷ яке аз 12 тақозои дархости Трамп ва худи Помпео посухи мусбат надода, бо «маъракаи муқовимати ҳаддиаксарӣ»-и худ рӯбарӯ кард. Маъракаи фишори ҳаддиаксарӣ аз ҷониби Трамп ва одамоне мисли Помпео алайҳи Эрон ҳеҷ натиҷае надод. Баръакс, ҳоло мебинем, ки Эрон беш аз пеш дар баҳси ҳастаӣ ва тавоноиҳои худ дар ин замина тавонотар шудааст ва мавзеи Амрико дар ин замина заъиф шудааст.

Тасмим ба террори генерал Қосим Сулаймонӣ яке аз он тасмимҳо дар сиёсати хориҷии ИМА аст, ки ба паёмадҳои он ҳеҷ эътибор дода нашуда буд. Рохбарони Амрико бояд аз чунин фикрхои соддалавхона даст кашанд, ки агар касе дар нуктаи бархурди манфиатхо бошад, бояд уро нобуд созанд. Террори генерал Сулаймонӣ ва шаҳодати ӯ на танҳо ба манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида кӯмаке накард, балки таҳдиди мустақим ба манфиатҳои миллии Иёлоти Муттаҳида гардид, ва сабаби пайдоиши оқибатҳои ногувор шуд.