Талоши Толибон барои баргардондани сиёсатмадорон

 Талоши Толибон барои баргардондани сиёсатмадорон

Толибон барои бозгардондани чеҳарҳои саршинос ва сиёсии ҳукумати собиқи Афғонистон комиссиюне ташкил карда, то тариқи он битавонад онҳоро барои бозгашт ба кишвар розӣ кунад.

Толибон барои бозгардондани чеҳарҳои саршинос ва сиёсии ҳукумати собиқи Афғонистон комиссиюне ташкил карда, то тариқи он битавонад онҳоро барои бозгашт ба кишвар розӣ кунад. Аммо аксари сиёсатмадорони ҳукумати собиқи Афғонистон ин иқдомро ҷиддӣ қабул накарданд.

Масъуд Андаробӣ, вазири дохилаи ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар саҳифаи фейсбукаш навишта, ки «таъйини кумиссиюне аз сӯи Толибони Афғонистон барои бозгашти сиёсатмадорон авомфиребии онон ва таҷрибаи ноком дар ҳалли муъзилоти асосии кишвар аст.»

Ӯ таъкид мекунад, ки «Толибон агар ба мардум бовар доранд, бояд куштор ва шиканҷаи шаҳрвандонро мутаваққиф кунанд ва гомҳои нахустин барои ташкили ҳукумати фарогир, баргузории интихобот ва ғайримутамаркизсозии низомро рӯи даст гиранд».

Аммо Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон Томас Никлассон аз тасмими Толибон барои эҷоди комиссиюни махсус ҷиҳати бозгардондани чеҳраҳои саршиноси Афғонистон ба кишварашон истиқбол карда, онро гоме ба сӯи машруъият ёфтани ин гурӯҳ аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ донистааст.

Толибони Афғонистон дар ҳоле аз бозгардондани чеҳраҳои сиёсӣ мегӯянд, ки хабарҳо аз даргириҳо байни нерӯҳои Толибон бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мерасад. Тоҷиддин Суруш, рӯзноманигори афғонӣ дар Твиттераш навишта, ки даргирӣ байни Толибон ва нерӯҳои муқовимавт дар вулусволии Растоқи вилояти Тахор идома дорад. Ӯ менависад: «Манобеъ мегӯянд, ки ҷанг дар рустои «Деварӣ» миёни Ёрмуҳаммад, яке аз фармондеҳони Ҷабҳа ва Толибон новақти дишаб шуруъ шуд. То ҳанӯз аз талафот иттилое дар даст нест.»