Тоқаев дар андешаи тағйирот дар Сарқонуни Қазоқистон

 Тоқаев дар андешаи тағйирот дар Сарқонуни Қазоқистон

Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон аз ислоҳи Сарқонуни ин кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.

Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар маҳалли кохи Окордо барои ҷамъе аз рӯзадорони ин кишвар ифторӣ барпо кард, ки дар он муфтии аъзам ва ҳамчунин теъдоде аз шахсиятҳо ва фаъолони иҷтимоӣ ва фарҳангии ин кишвар ҳузур ёфтанд.

Тоқаев тайи суханоне, ифторро суннати ҳасана ва мазҳари ваҳдат ва ризояти мардум хонд.

Вай бо таъкид бар зарурати эҷоди ҷомеаи адолатмеҳвар, гуфт: “дар ояндаи наздик ислоҳоти Сарқонуни Қазоқистон сурат хоҳад гирифт. Аммо қабл аз ҳар нуктае мо ниёз ба таҷдиди дарки шаҳрвандони худ дорем, ки ин кор осоне нест. Бинобарин лозим аст тамоми талошҳои худро ба ин самт маътуф кунем. Аввал аз ҳама, бояд замири мо пок бошад. Мо бояд дилсӯзи ҳам бошем ва аз якдигар ҳимоят кунем. Дақиқан ин вижагиҳоро имрӯз башарият кам дорад.”

Раисҷумҳури Қазоқистон афзуд бояд насли ҷавони кишвар ба сурати дуруст роҳнамоӣ шавад, зеро фақат ҷавонони таҳсилкарда, дорои андешаи боз ва меҳанпараст метавонанд ояндаи дурахшони худро бисозанд.

Ба гуфта вай, дар ин росто барои ҷавонони Қазоқистон баҳра гирифтан аз арзишҳои миллӣ ва тасаллут бар илм ва дониши рӯз бисёр муҳим аст.

Тоқаев дар бахши дигаре аз суханони худ, бо баёни инки Ислом дине аст, ки арзишҳои сулҳхоҳӣ ва инсонгароиро тарвиҷ мекунад, баён дошт: “мардуми мо аз замонаҳои бисёр қадим барои зиндагии мусоламатомез арзиш қоил буданд, ки бар ин асл вафодор хоҳем монд. Мо бояд дар ҷомеаи худ ҳамбастагӣ ва дарки мутақобилро ҳифз кунем. Ислом мардумро ба ваҳдат мехонд, на ба тафриқа. Имон гаронбаҳотарин сифат аст. Бинобарин тарбияти насли ҷавон дар рӯҳияи арзишҳои дин вазифаи муштараки мост.

Раисҷумҳури Қазоқистон дар поёни суханони худ барои мардуми кишвараш орзуи иттиҳод ва рифоҳ кард.