29 солагии барқарории равобити дипломатии Тоҷикистон бо Озарбойҷон

 29 солагии барқарории равобити дипломатии Тоҷикистон бо Озарбойҷон

Барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 29-сола шуд.

Ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 майи соли 2021 аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 сола шуд.

Бешубҳа, дӯстии роҳбарони Тоҷикистону Озарбойҷон — Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои ду кишвар нақши назаррас дошт. Моҳи октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва 10 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари ҷавобӣ анҷом дод.

Заминаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон зиёда аз 50 санадро дар бар мегирад, ки рушди муносибатҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиёт ва транзит, энергетика, саноатӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва маорифро шомил мешавад.

Ҳуҷҷати муҳим ва бунёдӣ дар муносибатҳои ду кишвари бародар Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 марти соли 2007 мебошад.

Кишварҳо ба таври суннатӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, САҲА ҳамкорӣ намуда, таҷрибаи дастгирии ташаббусҳои байналмилалии якдигарро васеъ истифода мебаранд.

30 марти соли 2021, дар Душанбе, дар ҳошияи Конфронси 9-уми вазирон «Қалби Осиё — Раванди Истанбул», Сироҷидин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҷейҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон мулоқот кард. Пас аз мулоқот, маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.

Тоҷикистон омодааст муносибатҳои дуҷонибаро бо Озарбойҷон дар рӯҳияи эътимоди тарафайн таҳким бахшад.