Украина бохтро таҳаммул ва бояд ба Русия имтиёз диҳад

 Украина бохтро таҳаммул ва бояд ба Русия имтиёз диҳад

Раисҷумҳури Беларус аз мақомоти Украина даъват кард, ки аз мавзеъгириҳои Русия истиқбол кунад

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус бар ин назар аст, ки Украина ҳамчун ҷониби мағлубшуда бояд аз мавзеъгириҳои Русия пайравӣ кунад.
«Бале, талабот нисбат ба Украина сахттар хоҳанд буд. Аммо агар шумо мағлуб шавед имрӯз чӣ мешавад,? Албатта, тарафе, ки пирӯз мешавад ба шумо чизе талабот пешниҳод мекунад. Аммо биёед воқеъиятро бигӯем: албатта, онҳо талаботе мекунанд, аммо ин беҳтар аз шикасти Украина хоҳад буд», — гуфт раисҷумҳури Беларус дар ҷаласаи фаврӣ бо низомиён.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар бораи амалиёти вижаи низомӣ алайҳи Украина эълом кард.

Дар як паёми телевизионӣ ба мардуми Русия Владимир Путин гуфт, вазъият «аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс азРусия дархости кумак кардаанд».
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарбаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тупхонаӣ шилик накардаанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, инфрасохтори низомӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бо силоҳи ҳушманд нобуд карда шуданд.
Вазорати дифои Русия итминон дод, ки ба мардуми осоишта ҳеҷ чизе таҳдид намекунад.