Украина меҳвари нишасти маҷозии вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Амрико

 Украина меҳвари нишасти маҷозии вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Амрико

Дар нишасти маҷозии вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико мавзуоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҳаводиси ахир дар Украина баррасӣ шуд.

Ба гузориши «Форс» дар ин нишаст, ки ба ибтикори Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико анҷом шуд, Мухтор Тилауберди, вазири умури хориҷаи Қазоқистон, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Руслан Қаззоқбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон ва Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон ҳузур ёфтанд.

Бинобар иттилоияи Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон, тайи ин нишаст вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хусуси муҳимтарин мавзуоти дастури кори байналмилалӣ ва минтақаӣ ва аз ҷумла вазъияти Украина ва таъсири он бар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳсу табодули назар карданд.

Қарор аст нишасти баъдии вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Амрико дар соли ҷории мелодӣ дар пойтахти Қазоқистон баргузор шавад.