Фаластин дар шеърҳои тоҷикӣ

 Фаластин дар шеърҳои тоҷикӣ

Фаластин дар шеърҳои тоҷикӣ

Шоирони мусалмони тоҷик бо сурудани шеърҳое, ҳамдардӣ ва ҳамбастагии худро бо миллати ситамдидаи Фаластин изҳор мекунанд.

Шеър қолабе таъсиргузор дар миёни инсонҳо маҳсуб мешавад ва мардуми Тоҷикистон низ ба шеър ва шоирӣ алоқаи бисёре доранд.

Шоирони мусалмони тоҷик ҳамчун арсаҳои гуногун дар ҳимоят аз мардуми ситамдидаи Фаластин низ шеърҳое сурудаанд ва бо онон изҳори ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ кардаанд.

Ду қатъаи зайл, ки ба 2 шоири маръруфи тоҷик ба номҳои Сиёвуш ва Аҷамӣ мутаъаллиқ аст ба мухотабони гаромӣ тақдим мешавад:

* Номаи манзум ба рафиқи фаластинӣ

* Сиёвуш

 

Ин ҳама, охир дурӯғ аст

Шарқи ман ҳоло намурдаст!

То лабе хунбор, фарёди азоне мезанад,

То дарахте тирхӯрда, дар намоз истодааст,

Ин ватан ҳоло намурдаст!

Эй Фаластин, эй садои хастаи виҷдони дунё,

Эй азони субҳдам дар гӯши карҳо,

Он қадар бар хоби сере рафта мағриб,

Ки ба ҷуз овозҳои ишками худ

Кай садои дигаре хоҳад шунидан?

* Садои сангҳо

* Муҳаммадалии Аҷамӣ

Чаро имшаб ғазал дар қолаби мазмун намегунҷад?

Ба соҳилҳои худ, ҳис мекунам, Ҷайҳун намегунҷад?

Зи худ берун шудам, дар он тараф дидам Фаластинро

Фаластини шаҳодат, дар ҳисори хун намегунҷад

Сукути сангҳо пур мешавад аз хандаи шайтон

Қиёми сарвҳо дар қомати мавзун намегунҷад

Ба изни ҳар шаҳид, ойина меборад ба шайдоӣ

Дигар дар ҳаҷми ҳайрат, ҳайрати маҷнун намегунҷад

Тамоми ишқро дидам, ба даври ишқ мечархид

Аҷаб чархест чархи ишқ, дари гардун намегунҷад

Ва дидам чашмҳои ту, ба дарё мехурад пайванд

Чаро имшаб ғазал дар қолаби мазмун намегунҷад?