Футболбози тоҷик ба Академияи «Реал Мадрид» пайваст

 Футболбози тоҷик ба Академияи «Реал Мадрид» пайваст

Зафар Баҳруллозода аллакай давоми чанд рӯз дар Академияи футболи "Реал" таҳсил ва тамрин мекунад

Зафар Баҳруллозода, футболбози навраси тоҷик ба Академияи футболи дастаи «Реал Мадрид», ки дар шаҳри Бекободи Ӯзбекистон қарор дорад, гузариш анҷом дод.
Ба иттилои манбаъ, ин дарвозабони навраси тоҷик дастпарвари мактаби футболи шаҳри Ҳисор ва Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон буда, дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар низ майдондорӣ кардааст.

Зафар Баҳруллозода вақтҳои охир дар Академияи футболи ФФТ тамрин мекард ва чанд рӯз қабл барои идомаи машқу тамрини худ ба Академияи футболи «Реал Мадрид» рафт.
Маврид ба зикр аст, Академияи футболи «Реал Мадрид» дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи августи соли 2021 ба фаъолият шурӯъ карда буд. Академияи мазкур футболбозони лаёқатманду боистеъдодро пас аз гузаштан аз санҷиши маҳорат ба шогирдӣ қабул мекунад.
Санҷишро дар Академия мутахассисони испанӣ роҳбарӣ мекунанд.
Дарвозабони навраси тоҷик аз ин санҷиш гузашт ва тӯли чанд рӯз мешавад, ки дар Академия футболи “Реал” таҳсилу тамрин дорад.