Хушунати зидди мусулмонон бо ҳимояти давлати Ҳинд

 Хушунати зидди мусулмонон бо ҳимояти давлати Ҳинд

Дар саросари Ҳиндустон дар ҷараёни ҷашнвораи Ҳинду, ҷамъияти зиёде аз ҳиндуҳо бо пахши мусиқии таҳрикомез ва шиорҳои зидди исломӣ дар муқобили масҷидҳо дар минтақаҳое, ки сокинони он мусулмон ҳастанд даст ба хушунат зада ва дар бархе маворид ба масоҷид ҳамла карданд.

Полиси Ҳиндустон бо пайравӣ аз сиёсатҳои зидди мусулмонони давлати Нарендра Моди ҳеҷ иқдоме накард то инки дар бархе минтақаҳо  миёни мусулмонон ва ҳиндуҳо даргирӣ рӯх дод.

Пас аз он давлат ба созмонҳои давлатӣ дастур дод то хонаҳои мусулмононеро, ки ба ҳамалоти ҳиндуҳо вокуниш нишон додаанд, тахриб ва вайрон кунанд.

Ин ҳаводис дар моҳи шарифи Рамазон иттифоқ меафтад ва ҷаҳон Ислом риёкорона сукут кардааст.