Чин ихроҷи Русия аз Шӯрои ҳуқуқи башарро хатарнок хонд

 Чин ихроҷи Русия аз Шӯрои ҳуқуқи башарро хатарнок хонд

Вазорати умури хориҷаи Чин пешнависи қатънома барои ихроҷи Русия аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро кори ғайри созанда ва намунаӣ хатарнок тавсиф кард.

Вазорати умури хориҷаи Чин дар ин замина эълон кард, ки таълиқи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башар аз суи Созмони Милали Муттаҳид як рафтори хатарнок эҷод мекунад.

Ба эътиқоди Чин таҳияи пешнависи қатънома барои ихроҷи Русия аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар рӯзи панҷшанбе ба сурати шаффоф анҷом нашудааст.

Жао Лиҷиян, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин гуфт: «Чунин амали саросемагӣ, ки дигар кишварҳоро маҷбур мекунад, ки ҷонибдорӣ кунанд, фосилаи байни кишварҳои узвро боз ҳам бештар мекунад.»

Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи панҷшанбе 7 апрел қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки Русия аз узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ таълиқ шавад. 93 кишвар ба ин қатънома розӣ шуданд, 24 кишвар зидди он овоз доданд ва 54 кишвар бетараф монданд. Чин ва Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки ба ин қатънома мухолифат карда ва бар зидди он раъй доданд.