Шайхи Ал-азҳари Миср бар зидди Русия мавқеъ гирифт

 Шайхи Ал-азҳари Миср бар зидди Русия мавқеъ гирифт

Шайхи Ал-азҳар дар баёнияе ҷомеаи байналмилалиро ба талошҳои бештар барои таваққуфи иқдоми низомии Русия алайҳи Украина даъват кард.

Шайхи Ал-азҳари Миср, Аҳмад Тайиб ҷомеаи байналмилалиро ба талошҳои бештар дар ҷиҳати таваққуфи амалиёти низомии Русия дар Украина даъват кард.

Тибқи гузориши хабаргузорӣ “Анаталия” Тайиб баёнияе ба забонҳои арабӣ, англисӣ, украинӣ нашр кард гуфт: ончи аз тарсу оворагии шаҳрвандони украинӣ ва талошашан барои ёфтани амният мебинем, озмоиши воқеии инсонияти мост.

Вай дар идомаи афзуд: ҷомеаи байналмилалиро ба афзоиши кумакҳои инсонӣ ба Украина даъват мекунам ва хостори талошҳои бештар барои таваққуфи ҷанг ҳастам.

Шайхи Ал-азҳар баъд аз ин дар хост, баёнияи худро бо ин дуо ба поён дод: аз Худованд мехоҳам, ки ин мардуми бегуноҳро ба саломат ба ватанашан бозгардад.

Ин баёния дар ҳоле аз суи шайхи Ал-азҳар мунташир шуд, ки вай дар ҳафтаи гузашта тайи паёме ба забонҳои арабӣ ва англисӣ зимни таъкид бар ҳалли даргириҳо аз тариқи гуфтугӯ ва ҳушдор нисбат ба осебҳои бештари ҷанг, Русия ва Украинаро ба “гӯш додан ба нидои ақл” даъват карда буд.