Аз соли 2000 то ҳол ду ҳазор кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд

 Аз соли 2000 то ҳол ду ҳазор кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд

Як сайти яҳудӣ забон гузориш дод, ки яҳудиҳои саҳюнист аз соли 2000 то ҳол «2 ҳазор кӯдаки фаластинӣ»-ро ба шаҳодат расондаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки соли 2021 бадтарин сол барои кӯдакони мусулмони фаластинӣ аз соли 2014 будааст, ба тавре, ки маъмурони режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинони яҳудӣ дар ин сол 86 кӯдаки фаластиниро дар минтақаҳои Каронаи Бохтарӣ, Қудси Шариф ва Ғазза ба шаҳодат расондаанд.

Аз миёни ин кӯдакон 67 нафар аз онҳо дар миёни ҷанги 12 рӯзаи Ғазза ҷони худро аз даст додаанд. Маъмурони режими Исроил дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси Шариф ҳам дар соли равон 15 кӯдакро бо тири аслиҳа куштаанд. Шаҳракнишинони саҳюнист ҳам дар ин муддат 2 кӯдакро ба шаҳодат расондаанд.

Ин гузориш таъкид мекунад, ки низомиёни исроилӣ бо нияти куштан ба самти кӯдакони фаластинӣ шиллик мекунанд ва метавон ин кушторро дар қолиби «куштори хориҷ аз чорчубаи қонун» дар созмонҳои байналмилалӣ мавриди пайгирӣ қарор дод.

Дар як маврид ба унвони мисол Абдуллоҳ Ҷавобираи 17 сола, ки чандин бор дастгир шуда буд бо шиллики мустақими тири низомиёни Исроил ба шаҳодат расид.

Ин гузориш таъкид мекунад, ки мақомоти режими яҳудӣ ба ҷои муҳокимаи маъмурони худ, барои хомӯш сохтани созмонҳои ҳуқуқи башарӣ талош мекунад.

Рӯзи гузашта масъулони Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ба номи Ҳамос, таъкид карданд, ки пойбандӣ ба гузинаи муқовимат танҳо роҳ барои муқобила бо режими саҳюнистӣ ва озодсозии сарзамини Фаластин ва ҳамчунин баргардондани ҳуқуқи миллати Фаластин аст.