Шодбоши Раҳмон ба бонувони тоҷик

 Шодбоши Раҳмон ба бонувони тоҷик

Президент гуфт, бо модарон ва занону бонувони тоҷик ифтихор дорад, зеро онҳо мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карданд ва барои пешрафти давлат саҳми арзанда доранд

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ бонувон ва модарони тоҷикро ба ифтихори Рӯи модар табрик намуда, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодатро орзу намуд.
Ӯ гуфт мо ифтихор дорем, ки имрўз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва нақши созандаи худро барои ободии Ватани азизамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Президент модарро мавҷудест номид, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ўро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсўи зиндагӣ дуои нек медиҳад.
Раҳмон таъкид намуд: «Арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанд ба шумор меравад».
Президент қайд намуд, «инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсўзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.
Ӯ гуфт, хидмати падару модарро дар қайди ҳаёт будани онҳо бояд ба иҷро расонд.

Презилент таъкид намуд, ки бонувону духтарони тоҷик бояд соҳиби касбу ҳунар, саводу маърифат, илму дониш ва ҳунарманду кадбону бошанд, то ки дар зиндагиву рўзгори оилавӣ ба азобу душворӣ рў ба рў нагарданд.
Роҳбари давлат иброз намуд, ки модарону хоҳарони тоҷик дар баробари тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим, инчунин, дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва ободиву созандагии Тоҷикистон минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.