Шодии Мессӣ аз қарордоди 2 сола бо ПСЖ

 Шодии Мессӣ аз қарордоди 2 сола бо ПСЖ

Пас аз хайрухуши эҳсосӣ бо Барса, Лионел Мессӣ бо қарордоди 2 сола ба ПСЖ пайваст, аммо дар маросими имзои қарордод дар чеҳраи ситораи аргентинӣ ҳеҷ нороҳатие боқӣ намонда буд.

Камтар аз 48 соат пас аз онки видои талх ва ашковаронаи афсонаи аргентинӣ бо каталонҳо дили ҷаҳони футболро шикаст, Лионел Мессӣ ба Пари Сен-Жермен пайваст ва ин дафъа на ғаму ашки талх, балки шодӣ ва хандаи барандаи шаш туби тилло буд, ки диккатро ба худ чалб намуд.

Пас аз 21 сол бо Барса, Лионел Мессӣ ҳоло як марҳилаи нави касбашро оғоз кардааст ва гарчанде ки видоъ бо Барселона барои ӯ ба монанди ҷудо шудан аз як маъшуқаи дерина душвор буд, ситораи аргентинӣ зуд фурсати навро ба даст оварда ба оғӯш гирифт.

Тасвирҳое, ки аз маросими имзои Мессӣ бо парижиён интишор ёфт, далели хуби онанд, ки Мессӣ нороҳатиҳои худ аз видоъ бо Барсаро ба зудӣ фаромуш карда ва ӯ хеле шод аст, ки ба яке аз дастаҳои машҳуртарини ҷаҳон шомил мешавад.

Мессӣ ПСЖ Мессӣ ПСЖ Мессӣ ПСЖ Мессӣ ПСЖ

Лео қарор кард, ки дар Париж куртаи рақами 30-ро пӯшад, ҳамон рақаме, ки ӯ дар Барса дошт. Ситораи аргентинӣ ин рақамро барои ёдоварии бозиҳои аввалини худ дар Камп Ноу интихоб кард ва умедвор аст, ки ҳамон тавре ки ин рақам барояш дар Каталония бо оғози солҳои дурахшон ва муваффақият ӯ ҳамроҳ буд, дар Париж ҳам ин имкониятро ба даст оварад.

Мессӣ пас аз басташавии қарордодаш бо ПСЖ гуфт: «Ман бесаброна интизори мавсими нави бозиҳо дар Париж ҳастам. Клуб ва биниши он ба ояндаи ва бо шӯҳратпарастии ман комилан мувофиқ аст. Ман медонам, ки бозигарон ва кормандон дар ин ҷо чӣ қадар бо истеъдод ҳастанд. Ман тасмим гирифтаам, ки барои ПСЖ ва мухлисон як таърихи олӣ созам. Ман бесаброна интизори қадам гузоштан дар майдони Парк Де Пренс ҳастам.»

Пари Сен-Жермен инчунин дирӯз клипи расмии муаррифии Лионел Мессиро нашр кард ва Лионел Мессӣ дар охири ин видео дар куртаи рақами 30 дар маркази варзишгоҳи Парк Де Пренс истода буд. Тасвире, ки мухлисони футбол ба он одат карда метавонанд.

Мессӣ ПСЖ Мессӣ ПСЖ