Эълонияи ДИИШ дар бораи оғози дубораи ҳамалоти террористӣ дар хоки Аврупо

 Эълонияи ДИИШ дар бораи оғози дубораи ҳамалоти террористӣ дар хоки Аврупо

Гуруҳи террористии ДИИШ дар иттилоияе аз ҳаводорони худ хост, аз фурсати ҷанги Украина барои анҷоми ҳамалоти террористӣ дар хоки Аврупо истифода кунанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар замоне, ки контроли бахшҳое аз Ироқу Сурияро дар солҳои 2015 то 2017 дар дасти худ дошт, ҳамалоти зиёдеро дар хоки Аврупо тарроҳӣ ва иҷро кард.

Гуруҳи террористӣ — такфирии ДИИШ дар иттилоияе эълом кард, интиқоми марги саркардаи собиқи худро хоҳад гирифт.

Бар асоси гузориши хабаргузории Фаронса, дар паёме савтии мутааллиқ ба ин гуруҳ, ки дар паёмрасони Телеграм мунташир шуда, омадааст: «Мо мубориза барои гирифтани интиқоми марги Абуиброҳим Алқурайшӣ ва сухангӯи собиқи ин гуруҳро эълом мекунем».

Абуумар Алмуҳоҷир, сухангӯи ҷадиди ин гуруҳи террористӣ дар ин иттилоия аз ҳаводорони ДИИШ хостааст, аз фурсати ҷадиди бадастомада баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, ки аз он ба унвони “ҷанги салибиюн бо якдигар” ёд кардааст, истифода кунанду ҳамалот дар Аврупоро аз сар бигиранд.

Кохи Сафед ва мақомоти дифоии Амрико дар феврали 2021 эълом карданд, ки саркардаи собиқи ДИИШ дар ҷараёни як ҳамлаи Амрико дар ғарби Сурия кушта шудааст.

Дар моҳи марти ҳамон сол ДИИШ марги саркардаи худро ба ҳамроҳи сухангӯи ин гуруҳи террористӣ таъйид ва Абуҳасан Алҳошимӣ Алқурайширо ба унвони саркардаи ҷадиди худ муаррифӣ кард.

Абуҳасан Алҳошимӣ сеюмин саркардаи гуруҳи террористии ДИИШ аз замони пайдоиши он аст ва иттилооти каме дар бораи вай вуҷуд дорад.