Эълони омодагии Путин барои музокира бо Украина дар сатҳи олӣ

 Эълони омодагии Путин барои музокира бо Украина дар сатҳи олӣ

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа гуфт, Русия омодааст, бо Украина дар сатҳи олӣ музокира кунад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа гуфт, Русия омодааст, бо Украина дар сатҳи олӣ музокира кунад. Қаблан раисҷумҳури Украина аз президенти Русия хоста буд, сари мизи музокирот нишинад.

Ба гузориши РИА Новости, кишвардори Русия имрӯз бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

Раисҷумҳури Русия гуфтааст: «Русия омодааст, бо Украина дар сатҳи олӣ музокира кунад».

Қаблан раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз Путин хоста буд, ки сари мизи музокирот нишинад.

Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.

Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият «аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд».

Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.

Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.

Русия ва Украина пас аз моҳҳо чолиш билохира вориди ҷанг шудаанд ва дар ин байн баъзе кишварҳо аз Путин ва Русия тарафдорӣ кардаанд ва баъзе ҳам аз Украина ҳимоят кардаанд ва ИМА ҳам гуфтааст, ки вориди ҷанг намешавад, аммо таҳримҳоеро алайҳи Русия тарҳрезӣ мекунад.