Эълони сабаби барканории Нуралиев

 Эълони сабаби барканории Нуралиев

Ноиби аввали раиси Бонки миллӣ баъди 7 соли кор дар ин мақом аз вазифааш барканор шуд. Дар фармони президент сабаби барканорӣ зикр гардидааст

Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллӣ барканор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар додааст. Дар фармони барканории Нуралиев, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар 10 июн онро имзо кардааст, сабаби барканории ӯ аз симматаш гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
«Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шавад».
Дар мавриди ҷойи кори нави Нуралиев, ки далели барканорияш шудааст, ҳанӯз иттилое мунташир нашудааст.

Ӯ дар мақоми муовини якуми раиси Бонки миллӣ аз моҳи майи соли 2015 ба ин сӯ фаъолият дошт.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷамолиддин Нуралиев солҳои 2010-2015 дар вазифаи муовини якуми вазири молия, солҳои 2007- 2010 дар вазифаи муовини вазири молия кор кардааст.
Қабл аз ин ӯ дар созмонҳои гуногуни молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра фаъолият карда буд.
Аммо вай корро дар низоми молиявӣ аз соли 1999 ба ҳайси иқтисодчии идораи шарҳдиҳӣ ва методологии Бонки миллӣ оғоз карда, то соли 2001 дар ин мақом фаъолият кардааст.