Эълони ҳимояти подшоҳи Саудӣ аз Фаластин пас аз поёни ҷанги Ғазза

 Эълони ҳимояти подшоҳи Саудӣ аз Фаластин пас аз поёни ҷанги Ғазза

Подшоҳи Арабистони Саудӣ шоми ҷумъа, баъд аз 12 рӯзи таҷовузи Исроил дар навори Ғазза, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин таҷовузи саҳюнистӣ дар Ғаззаро маҳкум кард.

Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ шоми ҷумъа бо раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос телефонӣ гуфтугӯ кард. Вай дар ин сӯҳбат ҳамлаи Исроил ба Байтулмуқаддас ва ҳамла ба Ғаззаро маҳкум кард.

Вай дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин, ба зарурати идомаи талошҳо барои қатъи таҷовузи саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо таъкид кард.

Даргириҳо миёни гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ рӯзи душанбеи 10 май, пас аз поёни ҳамлаи муқовимат дар Телавив дар мавриди зарурати поён додани ҳамлаҳо дар Байтулмуқаддас ва Масҷидулақсо оғоз ёфт.

Дар ҷараёни даргириҳо, ки то субҳи рӯзи ҷумъа идома кард, режими саҳюнистӣ, дар ҳамлаҳояш ба манотиқи маскунӣ, занон ва кӯдакони фаластиниро ба хоку хӯн кашид ва дар посух ба ин ҷиноятҳо гурӯҳҳои муқовимати Фаластин мавқеъҳои режимро ҳадаф қарор доданд, онҳо мушак андохтанд ва Равоқи оҳанин система ҳам натавонист бисёре аз онҳоро боздорад.

Шоми рӯзи панҷшанбе, пас аз он ки баъзе манбаъҳои хабарӣ дар бораи имкони оташбас хабар доданд, кобинаи амнияти режими саҳюнистӣ расман ба оташбас ва миёнҷигарии Миср розӣ шуд.

Пас аз як соат гурӯҳҳои муқовимати Фаластин бо изҳороти алоҳида гуфтанд, ки то замони пойбандии Телавив ба оташбас, онҳо ҳам оташбасро риоя хоҳанд кард.