Эътирозҳо бар зидди Амрико дар Окинаваи Ҷопон

 Эътирозҳо бар зидди Амрико дар Окинаваи Ҷопон

Мардуми эътирозгар ба ҳузури низомии Амрико дар ҷазираи Окинава дар Ҷопон бо баргузории тазоҳурот коҳиши ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар Ҷопонро хостор шуданд.

Мири Окинава аз давлати Ҷопон хост то бо коҳиши ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар ҳамзамон бо 50-умин солгарди бозгашти Амрико ба Ҷопон иқдомоти бештаре анҷом диҳад.

Дани Тамаки, мири Окинава гуфт, ман аз давлати марказӣ мехоҳам, ки аҳамияти сулҳи доимиро, ки шаҳрвандон муддатҳост орзуи онро доранд бо ҳамаи миллат дар миён бигузорад.

Фомиё Кишида, сарвазири Ҷопон дар посух гуфт, ки нигарониҳои мардуми Окинаваро ҷиддӣ мегирад ва талош хоҳад кард, ки ҳузури низомии Амрико дар ин кишварро коҳиш диҳад.

Ҳамчунин рӯзи гузашта ҳам дар ҷазираи Окинава тазоҳурот баргузор шуда буд ва мардум хостори коҳиши сареъи неруҳои низомии Иёлоти Муттаҳида шуда буданд, аммо имрӯз тазоҳуроти бузургтаре баргузор шуд ва мардум норозигии худро аз ҳузур низомиёни Амрико дар Ҷопон эълон карданд.

Окинава маҳалли яке аз хунинтарин набардҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд, ки дар он ҳудуди 200 ҳазор нафар кушта шуданд, қариб ниме аз онҳо сокини Окинава буданд.