Эътирофи Амрико аз адами таъсири таҳрим алайҳи Русия

 Эътирофи Амрико аз адами таъсири таҳрим алайҳи Русия

Вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия боиси болоравии нархи ғизо ва бензин шудааст

Дар ИМА эътироф карданд, ки таҳримҳои зидди Русия дар робита ба ҳаводиси Украина боиси афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар бозори Амрико шудааст.
РИА «Новостӣ» хабар медиҳад: Дар ин бора Вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷанат Йеллен гуфтааст.
Йеллен зимни баҳсе, ки рӯзномаи «New York Times» баргузор кард гуфт: «Таҳримоти мо алайҳи Русия, воқеан, ба қимати ғизо ва сӯзишворӣ таъсир мерасонад».
Вазири молияи ИМА изҳори итминон кард, ки коҳиши қобили мулоҳизаи қимати маводи сӯхтро дар ИМА дар ояндаи наздик набояд интизор шуд.

Йеллен ҳамчунин иқрор шуд, ки дар партави ҳаводиси геополитикии ҷаҳонӣ рушди иқтисодии Амрико коҳиш хоҳад ёфт, аммо набояд аз таназзул дар иқтисод ҳаросид.
Вазири молияи ИМА гуфт: «Ман фикр намекунам, ки мо дар ҳоли таназзул қарор дорем».
Вашингтон борҳо таъкид кардааст, ки дар сатҳи «ғайриқобили қабул»-и иқтисодӣ қарор дорад ва афзоиши онро бо пайомадҳои буҳрони Украина рабт дода, дар баробари ин иттилоот дар мавриди афзоиши таваррум дар иқтисод дар замони пандемияи коронавирусро рад кардааст.