Эътирофи мақоми СММ ба вазъи вахими мардуми Ғазза

 Эътирофи мақоми СММ ба вазъи вахими мардуми Ғазза

Stephane Dujarric, сухангӯи Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, захоири сӯхт дар Ғазза ба шиддат коҳиш ёфта ва ин минтақа бо қатъи рӯзонаи барқ ба муддати 8 то 12 соат рӯбарӯ аст.

Вай афзуд, 230 ҳазор нафар аз мардуми шаҳри Хон Юнус дар навори Ғазза ба хотири қатъи барқ ва осеб ба шабакаи обрасонӣ дастрасии маҳдӯде ба оби ошомидании беҳдоштӣ доранд.

Ҳамчунин рӯзномаи “Times of Israel” ба нақл аз як мақоми режими саҳюнистӣ эълом кард, сӯхти генераторҳои барқи Ғазза то рӯзи якшанбе ба итмом мерасаду сокинони ин минтақа илова бар барқ барои таъмини об низ бо мушкил рӯбарӯ хоҳанд буд.

Ҳамчунин беш аз 12 ҳазор нафар дар мадориси таҳти кантроли UNRWA (Ожонси имдодрасонӣ ва кор барои оворагони фаластинӣ) паноҳ гирифтаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки танҳо 29 дарсад аз буҷети мавриди ниёз барои кумакҳои башардӯстона дар Фаластин таъмин шудааст.

Даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза аз рӯзи душанбе оғоз шудааст.

Дар пайи ташдиди ҳамалоти ҳавоии чанд рӯзи гузаштаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, даҳҳо бино ва хона дар ин минтақа вайрон шуданд.

Ин давр аз хушунатҳо шадидтарин танишҳо миёни режими саҳюнистӣ ва Фаластин аз замони ҷанги вайронгари 50 рӯза дар соли 2014 аст.