Ягона роҳи наҷоти Фаластин аз нигоҳи коршиноси тоҷик

 Ягона роҳи наҷоти Фаластин аз нигоҳи коршиноси тоҷик

Коршиноси сиёсии тоҷик гуфт: “танҳо роҳи наҷот ва пирӯзии Фаластин ба режими саҳюнистӣ ваҳдат ва ҳамбастагӣ воқеии уммати исломӣ аст.

Коршиноси масоили минтақа дар ёддоште аҳамият Рӯзи ҷаҳонии Қудсро роҳи наҷот ва пирӯзии Фаластин ба режими саҳюнистӣ ваҳдат ва ҳамбастагии воқеии уммати исломӣ донист.

Дар ин ёддошт омадааст: “низомёни режими саҳюнистӣ дар 15 апрел дар Масҷидулақсо ба намозгузорони рӯзадор юришу ҳамла бурда ва теъдоди зиёдеро захмӣ ва боздошт карданд. Бидуни таваҷҷӯҳ ба моҳи мубораки Рамазон, ин рафтори ғайриинсонӣ барои чанд рӯзи пай дар пай идома ёфт, ки бори дигар симои воқеии режими саҳюнистиро ба намоиш гузошт.

Албатта иқдомоти террористии ин режим алайҳи фаластиниҳои мазлум барои бори аввал нест, ки сурат мегирад. Аммо ҳамлаҳои ахир алайҳи намозгузорон дар Масҷидулақсо ва пешгирӣ аз анҷоми фарзҳои динии онҳо танҳо алайҳи фаластиниҳо набуда, балки навъе паёми иҳонат ва беэҳтиромӣ нисбат ба кулли мусулмонони ҷаҳон аст. Табиӣ аст, ки анҷоми чунин иқдоме дар моҳи мубораки Рамазон аҳдофи хоссеро думбол мекунад. Бинобарин вокунишҳо дар баробари ингуна тавҳин ва беэҳтиромӣ бояд комилан ҷиддӣ бошад ва кишварҳои мусулмон манофеи муштараки умматро ба манофеи хосси сиёсӣ ва иқтисодии худ тарҷеҳ диҳанд.

Масъалаи Фаластин маҳдуд ба баҳси ишғолгарии режими саҳюнистӣ набуда ва аз авосити қарни гузашта талошҳои зиёде барои ба истилоҳ “ҳамзод” ҷилва додани Ислом бо терроризм сурат гирифтааст. Дар он марҳила ғарб қиёмҳои мардумӣ алайҳи истикборро бо терроризм иртибот медод ва дар поёни даҳаи 1970 иқдом ба “пайванд” задани терроризм бо Ислом кард. Ин замоне буд, ки Афғонистон бо истикбори коммунистӣ дасту панҷа нарм мекард.

Дар ин робита, ҳатто як назари иҷмолӣ ба таърихи пайдоиши терроризм нишон медиҳад, ки ҳадаф аз он эҷоди тарс ва ваҳшат дар баробари ҳаққу ҳақталабӣ аст. Барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳеҷ ҷинояте даст намебардоранд, ки беш аз 7 даҳа ишғолгарӣ, қатл ва куштори пай дар пайи мардуми Фаластин боризтарину ошкортарин намунаи иқдомоти террористӣ аст. Вале чун ваҳдату ҳамбастагии воқеии кишварҳои мусулмон вуҷуд надорад, ғарб ва расонаҳои вобаста ба он бидуни кӯчактарин эҳсоси азоби виҷдон муборизаи ҳақталабонаи фаластиниҳо дар баробари режими ишғолгарро терроризм муаррифӣ мекунанд.

Марокизи андешаи муртабит бо ин мавзӯъ, ки дар Аврупо қарор дошт, пас аз Ҷанги Ҷаҳони Дувум танҳо мақарри худро тағйир ва султаашонро ба Ховари Миёна бо шеваҳои мутафовит идома доданд, ки мушорикати ғарб бо бархе аз кишварҳои минтақа яке аз ин шеваҳо буд. Дар идома бо доман задан ба ихтилоф миёни кишварҳои Ховари Миёна, иқдом ба эҷоди режими ишғолгар карданд, то аз ин тариқи рӯи ифтироқ ва парокандагии миллатҳои мусулмон ба сурати доим тамаркуз дошта бошанд. Мутаассифона иддае аз кишварҳои исломии худро дар бистари манофеи режими саҳюнистӣ ва ғарб қарор дода ва ба осиёб манофеи душманони Ислом об мерезанд.

Эҳтимол меравад конунҳои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар матни қазияи Украина бо буҳрон мувоҷеҳ хоҳанд шуд, зеро қудратҳое монанд Русия, Чин ва Ҳинд дар талош барои пайдо кардани роҳи ҳалле барои шикастани султа доллар баромадаанд, ки ин иқдом дар ростои шаклдеҳии ҷаҳон чандқутбӣ қобили баррасӣ аст. Бинобарин агар кишварҳои мусулмон низ таҳия ва таҳаққуқи як стратегияи воҳид барои хотима додан ба мазлумияти миллати Фаластинро дар дастури кор қарор диҳанд, бидуни тардид натиҷа хоҳанд гирифт.

Бо таассуф бояд ба ин нукта ишора кард, ки ҳомиёни режими саҳюнистӣ аз иттиҳод ва ҳамфикрӣ бархурдор буда ва иқдомоти худро бо истифода аз қудрати нарму сахт думбол мекунанд. Фурсати он фаро расидааст, то кишварҳои мусулмон низ дар ҷиҳати ваҳдати воқеӣ дар баробари ҷиноятҳои бешумор режими саҳюнистӣ гомҳои амалӣ бардоранд ва иқдом ба озодсозии сарзаминҳои ишғолӣ ва раҳоии миллати Фаластин аз асорати истикбор кунанд.

Дар ин ҷиҳат ихтисос ёфтани рӯзи ҷумъаи охири моҳи шарифи Рамазон ба Рӯзи ҷаҳонии Қудс иқдоми шоиста аст. Ба назар мерасад бояд кишварҳои муҳимми ҷаҳони Ислом дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ эҳсоси масъулияти бештаре дошта бошанд ва бо канор гузоштан ё коҳиши ихтилофҳо миёни худ, иқдом ба бардоштани гомҳои амалӣ барои эҷоди иттиҳоди уммати воҳид кунанд, то дар масъалаи Фаластин гушоиши воқеӣ ҳосил шавад. Ин амр ниёзманди ирода, ҳазинаҳои молӣ ва неруи халлоқи зеҳнӣ аст, ки дар кишварҳои исломӣ вуҷуд дорад.