Ёдгор Файзов аз мақомаш барканор шуд

 Ёдгор Файзов аз мақомаш барканор шуд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мақомаш барканор шуд, вай ба муддати се сол дар ин мақом фаъолият кард.

Ёдгор Файзов 1-уми октиябри соли 2018 ба мақоми раиси ВМКБ мансуб пас аз се сол фаъолият барканор шуд.

Дар ҳамин ҳоло, дақиқ нест, ки ҳамакнун собиқ раиси вилоят ба кадом вазифа таъйин шудааст.

Тибқи гузоришҳо мақоми раҳбари ВМКБ Алишер Мирзонабот, ки то ин замон раиси шаҳри Хоруғ буд, таъйин шудааст.

Алишер Мирзонабот то расидани ба ин курсӣ дар мансаби раиси шаҳри Хоруғ кор мекард, ки соли 2020 ба ин вазифа расида буд. Тайи ду сол муовини раҳбари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам буд.

Номбурда дорандаи унвони генерал-майор буда, то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ буд.

Унвони генералиро номбурда соли 2019 ба даст овард.

Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 59 сол дошта, зодаи деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон аст.

Ӯ Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро соли 1984 хатм карда, соли 1986 дар синни 25- солагӣ котиби аввали комсомоли шаҳри Хоруғ шуд.

Аз соли 1993 то 2018 тӯли 25 сол дар сохторҳои Хазинаи Оғохон кор кардааст.

Солҳои 2004-2018 директори Фонди Оғохони Тоҷикистон буд ва пас аз он раҳбарии ВМКБ — ро пас аз Шодихон Ҷамшед ба зима гирифт.