Қазоқистон дар пайи маҳдудияти содироти ғалла ва орд

 Қазоқистон дар пайи маҳдудияти содироти ғалла ва орд

Қазоқистон тасмим гирифтааст, дар содироти ғалла ва орд маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кунад.

Қазоқистон масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои муваққатӣ ба содироти ғалла ва ордро ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ баррасӣ мекунад, гуфт вазири хочагии деҳоти ин кишвар Ербол Карашукеев.

Вай дар ҳошияи як соати ҳукуматӣ дар Маҷлиси порлумони Қазоқистон ба хабарнигорон гуфт, «масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар содироти ғалла ва ҳам содироти орд баррасӣ мешавад».

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба он далел гирифта шудааст, ки тавлидкунандагони маҳаллӣ «хоҳони фурӯши ғалла ба ордкашҳо нестанд».

«Федератсияи Русия содироти ғалларо манъ кардааст, мо вазъиятро медонем, таҳти назорат дорем. Тавозуни ғаллаи мо то субҳи имрӯз мусбат аст ва мусбат хоҳад буд. Мо барои бозори дохилӣ захираи кофӣ дорем. … ҳамоно барои содирот низ боқӣ мемонад. Содиркунандагон намехоҳанд ба бозори дохиль фурӯшанд, онҳо интизори болоравии нархи содирот ҳастанд», — гуфт вазир.

«Агар нархи биржаро гирем, мебинем, ки ҳама чиз рӯз то рӯз афзоиш меёбад»,-гуфт сардори Вазорати кишоварзӣ.

Дар ҳамин ҳол, Карашукеев санаи мушаххаси ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро нагуфт.

Гуфта мешавад, соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бино бар ин дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ бетаъсир нахоҳад монд.

Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандуми мерӯёнад, боқӣ воридотӣ аст.

Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.