Таъкиди вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳалли мушкилоти марзӣ

 Таъкиди вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳалли мушкилоти марзӣ

Тоҷикистон ва Қирғизистон бар дӯстӣ ва ҳамсоядорӣ таъкид карда, хостори музокироти пай дар пай барои аломатгузории марзҳои боқимонда шудаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бар дӯстӣ ва ҳамсоядорӣ таъкид карда, хостори музокироти пай дар пай барои аломатгузории марзҳои боқимонда шудаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҷеенбек Кулубоев, вазири тозатаъйини корҳои хориҷии Қирғизистон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои дафтаи матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар ин дидор дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе доир шуд.

Гуфта мешавад, мулоқоти вазирони хориҷа дар фазои созанда доир гашт.

Дар гузориши манбаъ омадааст: «Зимни вохӯрӣ мусоҳибон пойдории усулҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро, ки асоси ҳамзистии осоиштаи мардумони тоҷику қирғиз мебошанд, қайд намуданд».

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал баррасӣ кардаанд.

Дар ин замина аҳаммияти идома додани музокироти пай дар пай ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳо мувофиқ ба манфиатҳои тарафайн таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин тавофуқ карданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи иқтидори истифоданашуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод чораҳои зарурӣ меандешанд.

Ёдовар мешавем, қаблан низ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири нави Қирғизистон Эрлан Абдилдаев дар Душанбе зимни мулоқот ба суръати корҳо барои ҳаллӣ масоили марзӣ таъкид карда буданд.

Ҳамзамон дар ин дидор ҳамкориҳо дар умури иқтисоду тиҷорат, об, сайёҳӣ, гуманитарӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳамкориҳои наздимарзӣ ва дигар масоили минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.