Ҳадисаҳои Масҷидулақсо натиҷаи ҳамоҳангии Исроил бо кишварҳои арабист

Як хабарнигори машҳури Арабистони Саудӣ дар Твиттер навишт, ҳодисаҳо ва ҳамалаҳои низомиёни яҳудӣ ба Масҷидулақсо бо ҳамоҳангии Телавив бо бархе кишварҳои арабӣ дар ҳоли анҷом аст.

Муҷтаҳид, Хабарнигор ва фаъоли фазои маҷозии арабистонӣ аз нақши бархе кишварҳои арабӣ дар ҳодисаҳо ва ҳамлаҳои низомиёни Исроил ба Масҷидулақсо хабар дод.

Вай навишт: «ба гуфтаи бархе манобеи ҳошияи Халиҷи Форс, Арабистони Саудӣ, фаластинӣ ва урдунӣ, ҳодисаҳои Қудс пас аз ҳамоҳангии пешакӣ байни Исроил ва чанд кишвари арабӣ аз ҷумла Урдун, Миср ва ҳимотҳои Иморот, Арабистон, ташкилоти худгардони Фаластин ва чанд кишвари дигари арабӣ дар ҳоли рӯх додан аст ва Амрико кишварҳои арабиро ба ҳимоят аз мавзеъи Исроил маҷбур кардааст.»

Фаластин

Таҷовузҳо ва ҳамалоти саҳюнистҳо алайҳи Масҷидулақсо ва фаластиниён дар моҳи шарифи Рамазон шиддат ёфтааст ва рӯзҳои гузашта Масҷидулақсо (аввалин қиблаи мусулмонон) мавриди ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ қарор гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷабҳаи муқовимати Фаластин тайи чанд рӯзи ахир дар бораи ҳаргуна ташдиди таниш дар Байтул-муқаддас ба ишғолгарон ҳушдор додааст ва ҳатто Ҳорун Носириддин, узви дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз мақомоти дафтари умури Байтул-муқаддас дар бораи таҷовуз ба Қудс ё иҷоза додан ба шаҳракнишинон барои қурбонӣ кардан дар дохили Масҷидулақсо ба режими саҳюнистӣ гуфт: «Ҳамос ба миёнҷиҳо хабар додааст, ки ҳаргуна қурбонӣ дар Масҷидулақсо, ба маънои эълони ҷанг аст ва (амалёти) Шамшери Қудс-2 бисёр шадидтар аз (Шамшери Қудс)-и гузашта хоҳад буд.