Ҳалли мушкилоти марзӣ аз нигоҳи Ҷабборов

 Ҳалли мушкилоти марзӣ аз нигоҳи Ҷабборов

Аз нигоҳи президенти Қирғизистон қитъаҳои баҳсбарангези марзӣ аз ҷумла мушкилоти ин кишвар бо Тоҷикистон аст, ки сабру таҳаммули тоқатфарсоро металабад.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ба муносиабти солгарди муноқиша дар марз бо Тоҷикистон дар суханронии худ гуфт, ҳалли масоили марзӣ диққат, таҳаммулпазирӣ ва мувофиқати ду тарафро мехоҳад.

Вай таъкид кард, масъалаҳои марбут ба мавзеъҳои баҳсбарангези сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон то ҳол мушкил боқӣ мондаанд. Ҳалли онҳо аз мо дақиқ, таҳаммулпазирӣ ва мувофиқатро тақозо мекунад.

Ба бовари ӯ, ҳаводиси ахири ҷаҳон нишон дод, ки «масъалаи марз бо кишварҳои ҳамсоя бояд танҳо аз тариқи муколамаи сулҳомез ва эҳтироми ҳамдигар ҳал шавад.»

Ҷабборов гуфт, ки комиссияи байнидавлатии ҳалли низоъ корашро идома дода, масъалаҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези сарҳади давлатӣ ҳал мешаванд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе манфиатдор аст, ки ҷудошавии марз бо Қирғизистон ҳарчӣ зудтар анҷом шавад. Аммо дар айни замон вай қайд кард, ки ин раванд тулонӣ буда, саъю кушиши ҳар ду тарафро талаб мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2021 дар марзи ду кишвар миёни сокинони маҳаллӣ муноқишаи шадид рух дода буд.

Дар мавзеи сароби «Головной», ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.

Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон муътақиданд, ки иншооти тақсими об дар қаламрави онҳо воқеъ аст, аммо то ҳол моликияти ин гиреҳ мушаххас нашудааст.

Худи рӯзи дигар, 29 апрел, низоъ миёни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрди мусаллаҳонаи миёни низомиён табдил ёфт.

Даргирӣ миёни марзбонони қирғиз ва тоҷик беш аз шаш соат идома кард. Вазирони хориҷа ва нахуствазирони ду кишвар дар мавриди оташбас ва хуруҷи таҷҳизоти низомӣ музокироти изтирорӣ анҷом доданд, аммо рӯзи дигар табодули оташ аз сар гирифта шуд.

Бар асари даргирӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 87 нафари дигар, аз ҷумла раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 захмӣ хабар дод.

Минтақаҳои тақсимнашудаи байни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи ҷанг табдил меёбанд. Сабаби асосӣ қитъаҳои делимитатсиянашуда мебошад, ки дар онҳо муайян кардани чӣ гуна будани сарҳад имконнопазир аст.