Ҳал нашудани масъалаи Фаластин сабаби асосии танишҳо дар минтақааст

 Ҳал нашудани масъалаи Фаластин сабаби асосии танишҳо дар минтақааст

Русия зимни ибрози нигаронӣ аз боло гирифтани танишҳо миёни ду тарафи фаластинӣ ва исроилӣ, бар аҳамияти ҷилавгирӣ аз оғози мавҷи ҷадиде аз даргириҳои низомӣ миёни ду тараф таъкид кард.

Васили Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар нишасти рӯзи душанбеи Шӯрои амният бо мавзӯи Ховари Миёна ва ба шакли хос охирин таҳаввулоти масъалаи Фаластин таъкид кард:

Русия таҳаввулоти Каронаи Бохтарӣ ва Қудс аз ҷумла истифодаи дастгоҳҳои амниятии Исроил аз гази ашковар ва гулулаҳои филезӣ бо рӯкаши пластикӣ барои тазоҳуроткунандагони фаластниӣ дар Масҷидулақсо ва захмӣ шудани беш аз 150 танро аз наздик дунбол мекунад.

Ин дипломати рус зимни ибрози нигаронии шадиди худ аз ин таниш гуфт: дар ин замина бояд барои ҷилавгирӣ аз такрори иттифоқоти моҳи гузашта, ки танишҳо дар Қудс ба як даргирии низомии шадиди чанд рӯза миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо табдил шуд, хештандорӣ дар пеш гирифта шуда ва аз иқдомоти таҳрикомез ва як ҷониба худдорӣ шавад.

Вай дар идома бо таъкид бар лузуми мамониат аз нақзи вазъияти қонунӣ ва таърихии мавҷуд дар маконҳои муқаддас, “нақши муҳиммеро, ки Урдун дар тақвияти субот дар ин замина ифо кард”, ситоиш кард.

Небензя афзуд: Тор Винсленд, ҳамоҳангкунанда СММ дар раванди сулҳи Ховари Миёна дар суханони худ таъкид кард ба далели инки Исроил ба сиёсатҳои хасмона ва ноқизи қавонини байналмилалии худ дар шаҳраксозиҳо дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси шарқӣ идома медиҳад, вазъият рӯ ба бадтар шудан аст.

Ҳамчунин намояндаи доимии Русия дар СММ бо ишора ба афзоиши шиддати хушунатҳо аз сӯи шаҳракнишинҳо дар канори бетаваҷҷӯҳии мақомоти режими саҳюнистӣ ба ин тахаллуфот, ҳушдор дод: тарҳҳои Исроил барои шаҳраксозӣ дар Ҷавлони ишғолии Сурия хатари тазъифи суботи минтақавиро ба ҳамроҳ дорад.

Вай дар идома гуфт: “аз Исроил мехоҳем аз иқдомоти радикалӣ бо ҳадафи таҳмили воқеъиётии ғайри қобили бозгашт дар минтақа аз ҷумла тахриби хонаҳои фаластиниҳо ва мусодираи дороиҳояшон ва боздоштҳои золимона худдорӣ карда ва як раванди созишии мусолиматомези муттакӣ бар як асли қонунии мавриди таъиди ҷомеаи ҷаҳониро дар пеш бигирад.

Небензя таъкид кард: “ҳал нашудани масъалаи Фаластини далели аслии хушунатҳо ва танишҳои пай дар пай дар минтақааст ва бидуни барқарории оштии Фаластин бар асоси созмони озодӣ бахш, гом бардоштан дар масири сулҳ ғайр мумкин аст.

Ин масъули русӣ дар СММ дар поён гуфт: “мо барои ироаи кумаку пуштибонии лозим дар ин масир бо ҳамоҳангӣ бо дигар тарафҳои марбута ва дар дараҷаи аввал дӯстони мисриамон омодаем.