Ҳамкориҳои фарҳангӣ меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Русия

 Ҳамкориҳои фарҳангӣ меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Русия

Мақомоти аршади Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дидор карда ва ба афзоиши ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвар таъкид карданд.

Мақомоти аршади Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дидор карда ва ба афзоиши ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвар таъкид карданд.

Ба нақл аз сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Олга Лубимова, вазири фарҳанги Русия дидоaр ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор тарафайн фурсатҳои ташкили теъдоде аз рӯйдодҳои муштараки фарҳангӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатик байни ду кишварро баррасӣ ва дар ин росто алоқамандии худро барои баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар соли ҷорӣ иброз доштанд.

Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон бо ибрози хурсандӣ аз тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи фарҳанг ва ҳамкориҳои фарҳангӣ хотирнишон кард, ки табодули фарҳангӣ дар ҳавзаи театри ҳирфаӣ, мусиқӣ ва ҳунар ҳамчунон рӯ ба рушд хоҳад буд.

Вазири фарҳанги Русия ба навбаи худ омодагии кишварашро барои тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи судманд барои истифода ва тарвиҷи мероси таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар иброз кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот зимни таъкид ба фаъолияти бештар дар ҳавзаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, ба лузуми баргузории намоишгоҳҳои ҳунари муосир, турҳои ҳунарии ҳайатҳои мусиқӣ ва намоиши ду тараф ба кишварҳои якдигар ва низ ширкат дар рӯйдодҳои мухталифи фарҳангии байналмилалӣ таъкид шуд.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ барои ду кишвари Тоҷикистон ва Русия бо дарназардошти ин масъала, ки равуой байни шаҳрвандони ду кишвар фаровон анҷом мешавад, бисёр муҳим ва ҳаётӣ ба ҳисоб меояд.