Ҳамлаи неруҳои амниятии Ниҷерия ба азодорони Арбаини ҳусайнӣ (видео)

 Ҳамлаи неруҳои амниятии Ниҷерия ба азодорони Арбаини ҳусайнӣ (видео)

Неруҳои амниятӣ дар Ниҷерия ба маросими азодории Имом Ҳусайн(а) ҳамла карданд.

Манобеи хабарӣ аз шаҳид ва захмӣ шудани шуморе аз мардуми мусалмони Ниҷерия, дар ҳамлаи неруҳои низомии ин кишвар ба ширкаткунандагони маросими Арбаини ҳусайнӣ хабар додаанд.

Ба нақл аз ал-Олам неруҳои пулис ва амниятии ин кишвар ба маросими Арбаини имсол ҳамла карда ва теъдоди зиёде аз мусалмонон ва ин маросимро саркӯб кардаанд.

Манбаъ афзудааст, ки дар ин ҳамла, се нафар аз ширкаткунандагон дар маросими Арбаин ба шаҳодат расиданд ва даҳҳо тани дигар ҳам захмӣ шудаанд.

Шабакаи харабии “NBN”-и Лубнон низ бо интишори тасовири ҳамлаи неруҳои амниятии Ниҷерия ба ширкаткунандагони маросими Арбаини ҳусайниро таъйид кардааст ва мутобиқи  тасвирҳои нашршуда, вазъи бархе аз маҷрӯҳон вазнин ба назар мерасад.

Неруҳои низомӣ ва амниятии Ниҷерия пеш аз ин низ дар рӯзҳои нуҳум ва даҳуми моҳи Муҳаррам, ба мардуми мусалмони ин кишвар ҳамла карда ва шуморе аз онҳоро мавриди лату кӯб қарор доданд.

Бархе манобеъ мегӯянд: “ҳамлаи рӯзи сешанбе ба маросими Арбаинӣ, ки аз сӯи Ҷунбиши Исломии Ниҷерия, дар минтақаи “Гуаримпа” дар “Абуҷа” баргузор шуда буд, сурат гирифт ва дар ин ҳамла, шуморе аз занони узви ин ҷунбиш низ маҷрӯҳ шуданд.”

Ҷумҳурии Ниҷерия кишваре дар ғарби Африқо аст, ки 44 дарсади ҷамъияти ин кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд ва ҳамеша дар баргузории маросимҳо ва ойинҳои мазҳабии худ аз ҷониби мақомоти интизомию амниятии кишвар саркуб мешаванд ва дар теъдоди зиёде аз мусалмонҳо ҳам дар тӯли баргузории ингуна маросимҳо ҷон бохтаанд.